АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ сахт ошуфтаҳол гашт. Гоҳ ба ин ва гоҳ ба он аҳли сарой бо назари шубҳа менигарист, намедонист чӣ кор кунад ва аз кӣ гумонбар шавад. Аз даст рафтани хӯрҷин, мӯккӣ, яктаҳу эзор худ барои як нафар мусофири кӯҳистонӣ талафоти калон бошад ҳам, барои вай ҳозир ин чизҳои худаш аҳамият надоштанд, вай аз ваҷҳи таппончаи хӯҷаин дар хавотир афтода буд. Хӯҷаин, албатта, товони таппончаашро талаб хоҳад кард.
Дар вақти гуфтугузори Восеъ бо мусофирони лақайнамо як марди сиёҳгунаи афғонмонанд барои саройбон дар ду хар ду ҷувол ангишт оварда, дар сарой мерехт, вай гуфтугузори онҳоро шунида буд, вақти рафтанаш ба Восеъ имо кард, ки «аз пасам биё», Восеъ ҳайрон шуда аз дунболи ӯ ба кӯча баромад. Дар кӯча ангишткаш ӯро онсӯтар бурда пурсид:
– Дар хӯрҷинат чиҳо буд?
– Ту ба ин чӣ кор дорӣ?
– Гӯй, баъд ман ба ту як роҳ нишон медиҳам: эҳтимол хӯрҷинатро ёбӣ.
– Сару либосам буд дар хӯрҷин; боз як чизи хӯҷаин ҳам буд.
– Чӣ буд? Чизи меарзидагӣ буд–мӣ?
– Чизи қиматбаҳо, ноёб.
– Ин тавр бошад, хӯҷаинатро гӯй, ба миршаби шаҳр арз кунад, «чизамро ёфта медиҳӣ» гуфта шах карда истад.
Агар вай ба пора додан хасисӣ накунад, миршаб чизи гумшудаатонро ёфта медиҳад.
– Ёфта медиҳад? Миршаб?
– Ҳа, – гуфт ангишткаш ва овозашро пасттар карда илова намуд: – Дузд то гулӯи миршабро рӯған карда наистад, дуздӣ карда наметавонад. Дуяш шарик. Дузд ҳам аз берун не, аз худи ҳамин корвонсарой, ман медонам. Ин ҷо дуздӣ якум бор шуда истодагеш не. Лекин ту ин гапро аз даҳонат набарор! Ту як бечораи ғариб менамоӣ, ман инро ба ту дилам сӯхта гуфта истодаам. – Ангишткаш ба роҳаш рафтанӣ шуда хез зада ба хар савор шуду боз истода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё