Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шаббодаи ғуборолуд дуди ғализи машомсӯзро бо бӯйи саргину қумалоқҳо омехта гоҳ ин сӯ ва гоҳ он сӯ парешон мекард. Дар сурате, ки дигар ҳамманзилҳои Восеъ бепарво хуррок кашида хобро мезаданд, ӯ якзайл чашму бинии дудхӯрдаашро мемолид, сулфа мекард ва паҳлу мезаду бо як ҳасрати қалбӣ кӯҳистони хушҳавои бехомӯшаки худро ба ёд меовард: Ӯ ба ин гуна шабҳои дам ва ҳавои бадбӯй одат накарда буд.
Бо ин ҳама, кӯфтагии роҳи дур ғалаба мекарду гоҳ–гоҳ ӯ ба хоб мерафт, аммо боз зуд бедор мешуд. Ҳамин тавр вай шабро нимхобу нимбедор саҳар кард.
Пагоҳӣ ӯ хӯрҷинашро ба мехи сутунчаи айвон овехта, аз се нафар марди харакии дар айвон ношто карда нишаста илтимос кард, ки аз хӯрҷини ӯ бохабар бошанд ва худ ба тарафи собот – ба назди аспонаш рафт. Аспҳоро барои дар ҷӯй об додан аз сарой бароварду фурсати як чойнак чой нӯшидан ҳам нагузашта буд, ки онҳоро гардонда оварда боз ба охурҳо баст. Ба айвон баргашта дид, ки хӯрҷин дар ҷойи овехтааш нест. Он се мусофире, ки аз қиёфаҳошон ба лақайҳо ё қунғуротҳо монанд буданд, ҳанӯз нишаста буданду чой менӯшиданд, Восеъ аз онҳо хӯрҷинро пурсид, онҳо:
– Навакак буд–ку, куҷо шуда бошад? – гуфта изҳори тааҷҷуб намуданд.
Дили Восеъ ба такопӯ афтод. Бо ҳамроҳии хӯрҷин мӯккӣ, яктаҳу эзор, нону талқони худаш ва инчунин таппончаи хӯҷаин гум шуда буд.
– Хӯрҷинро ёфта диҳед! – таҳдидомез гуфт ӯ ба мусофирони лақайнамо. – Ман онро дар ин ҷо овехта ба шумо таъин карда будам, ғайр аз шумо ҳеҷ кас надида буд.
– Хӯрҷинатро мо намедонем, – гуфт яке. – Рост, дар ин ҷо овехтагӣ буд, аммо кӣ гирифт, мо надидем.
Мусофирон бархоста лингаҳошонро ба китфҳошон гирифта раҳакӣ шуданд.

пешина
аз 471
навбатӣ