АХТАРОНИ АДАБ

Эҳтимол, ӯ гапи нағро аввалин бор аз Восеъ мешуниду меҳрубонии падаронаро ҳам аз ӯ медид.
Дар роҳи сафар Ниёз инчунин аспи тағоияш ва аспи худашро нигоҳубин мекард, зеро Восеъ ба галаи худ банд буд. Дар байни Деҳнав ва Бойсун корвониёни мо ба як деҳи сердолу дарахт фуромада дам гирифтанд. Ниёз аспи бой ва аспи худашро аз зин холӣ карда, аз деҳа ду банд беда ёфта оварда ба онҳо партофта, худ аз мондагӣ дар лаби ҳавз хобаш бурда будааст, аспон дар талоши беда бо ҳам ҷангида шиҳа кашанд ҳам бедор намешавад.
Бой ҳозир шуда Ниёзи хобрафтаро бо қаҳр як лагад мезанад, ӯ хоболудона якбора аз ҷояш ҷаҳида хеста ба ҳавз меғалтад. Ҳавз чуқур будааст ва Ниёз, ки шино карданро намедонист, аз тарс фарёдкашон ва дасту позанон қариб ба ғарқ шудан расида буд, ки аз як сӯ Восеъ пайдо шуда фавран худро ба ҳавз партофт ва бо як машаққат (зеро худаш ҳам шиновар набуд) сағираро аз об берун кашид.
Ниёз аз лагади хӯҷаин миёнаш лат хӯрда будааст, миёнашро гирифта гирёну нолон ба буни девор хазид. Бой дар хонаи як нафар бошандаи деҳа шӯрбо фармуда буд, шӯрборо оварданд, аммо Ниёз ҳар қадар тағоияш ӯро ҷеғ занад ҳам наёмада ароз карда нишаст. Он гоҳ Восеъ дам назада аз дастархони бой косаи шӯрбо ва нонеро гирифта ба назди ӯ бурда монд:
– Бихӯр, Ниёзҷон. Гиряро бас кун.
Ниёз ба хӯрдани шӯрбо шурӯъ карда буд, ки Восеъ «куртаатро каш!» гуфта куртаи тари обшори ӯро аз танаш кашонда, ҷафида дар офтоб ба шохи дарахт овехт, ки хушк шавад. Баъди ин воқеа сағира Восеъро боз бештар дӯст дошт. Чун бой дар Бойсун ва Шеробод ду рӯзӣ таваққуф кард, Восеъ зиқ шуда аз галабонии худ изҳори пушаймонӣ менамуд, Ниёз ӯро тасаллӣ дода мегуфт, ки «Ғам нахӯред, акаи Восеъ, секин–секин шаҳрҳо, қалъаҳоро тамошо карда меравем. Ба Шаҳрисабз се–чор рӯз дертар расед ҳам ҳеҷ гап не; Худо хоҳад, ба ҳоким арз карда бародаратонро сиҳат саломат аз зиндон халос карда ба ватанатон бармегардед».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё