Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

серхомӯшаки вараҷамакон гурехта ба он ҷо паноҳ мебурд,
– бой ноилоҷ як аспи нағзи худро ба ёлу думаш шона зада ва бо зину абзори нуқракӯб зеб дода ба Қаратоғ бурда ба тӯра пешкаш карда омад.
Баъзе савдогарон, аспу гӯсфандҷаллобони роҳгузари ба тӯра пешкаш нобурда ё кам пешкаш бурдагиро албатта дар роҳ дуздон мезаданд, Мирзоакрамбой инро медонист...
Дар Ҳисор Акрам-Қорӣ ба Восеъ якто таппонча дод, то мабодо агар дуздон, роҳзанон қасди бурдани аспҳоро кунанд, ӯ бо ин таппонча аспҳоро ва худро муҳофизат намояд.
Ниҳоят корвони бой ба роҳи Деҳнав ҳаракат кард.
Онҳо як манзил–ду манзил роҳ мепаймуданду дар ягон деҳа ё лаби ҷӯе фуромада дам мегирифтанд. Восеъ аспҳоро ишкел зада, соате ба чаро сар медод.
Ба Восеъ меҳнати серташвиши галабонӣ ва машаққатҳои роҳи сафарро Ниёзи аҳл ва хушчақчақ андак сабуктар мекард. Ин сағираи карминагии дар хурдсолӣ аз падару модар ҷудогашта ба мусофири мо унс гирифт.
Нақлҳои Восеъ дар бораи кӯҳистон, хирсу палангони он, ҷангу ҷидолҳои мирони собиқи Балҷувону Кӯлоб, Дарвоз ва Қаротегин Ниёзро ба шавқ меоварданд. Дар манзилҳои шабхобӣ ҳамин, ки тағоияш ва хӯҷаинаш ба хоб ё ба меҳмонии ягон арбобу амалдори деҳаҳои сари роҳ мерафт, сағира аз нону мавизу гӯштҳои яхнии дастархони бой чизе ба Восеъ оварда бо ӯ менишаст; ҳезум чида оварда алов даргиронда барои ӯ дар чойҷӯшчаи чӯянӣ чой меҷӯшонид; ба нигоҳубини аспҳо ёрӣ медод. Бой дар хонааш ӯро аз бомдод то хуфтан кор фармуда соате ором намегузошт. Ниёз, об биёр! Ниёз, ҳезум шикан! саллаамро гир! ҷомаамро биёр! чилим деҳ! бозор рав! фалониро ҷеғ зан!... Дамбадам сағираро ҷавонмарг, ҳаромӣ, падарлаънат гуфта дашном медод, ҳатто мезад. Восеъ бошад ӯро «Ниёзҷон» ё «писари хуб» гуфта ном мегирифт.

пешина
аз 471
навбатӣ