АХТАРОНИ АДАБ

Ӯ бо Каримча ба Сариосиё рафта, ҳамроҳи понздаҳ– бист нафар аҳли деҳа ва машкобҳои Душанбе ҷанозаи Ашӯрро хонда ӯро ба хок супурданд.
Аз даруни ҷомакуҳнаи Ашӯр ҳафтодто тангаи бухорӣ баромад. Бечора як сол боз нахӯрда ва напӯшида музди ночизи машкобии худро тин–тин ҷамъ карда, ба тангаҳои бухорӣ иваз намуда дар мағзи чабғути ҷомааш андохта медӯхтааст. Ба Гадо мегуфтааст, ки «Як ду сад танга пасандоз кунам, ба деҳаи худам бармегардам ва дар он ҷо зан мегирам».
Аз ин пасандози марҳум понздаҳ танга ба гӯру кафани ӯ сарф шуд, монд панҷоҳу панҷ танга. Чун меросхӯре ҳозир набуд, масъалае пеш омад, ки ин пулро ба модари Ашӯр, ки дар деҳаи Дараи Мухтори вилояти Балҷувон зиндагӣ мекунад, чи гуна ва ба воситаи кадом каси боэътимод мерасонанд. Бо далолати Каримча ва машкобиҳои дигар чунин каси боэътимод Восеъ шинохта шуд.
Бигузор ӯ дар Душанбе ё агар дар ин ҷо нашавад, дар Ҳисор, ки роҳи сафараш аз он ҷо мегузарад, ягон ҳамватани дилпуршавандаи худро ёфта бо ӯ пулро ба модари Ашӯр дода фиристонад...
Корвони Мирзоакрамбой бо «айб»–и Восеъ дер монда дар соатҳои ёздаҳи рӯз ба роҳ баромад.
Офтоби оташтоб роҳро торафт мегудохт. Аз зери суми аспон чанги гарму ғализе фаввора зада мебаромад. Мирзоакрамбой, Восеъ, Ниёз ва аспони онҳо дар ду манзил истода дам гирифта бошанд ҳам, боз хеле монда шуда, баъди ғуруби офтоб ба Ҳисор расида дар корвонсарой ҷо гирифтанд.
Пагоҳи он рӯз чоршанбе – рӯзи бозори Ҳисор буд, Восеъ баромада балҷувониҳои ба бозор омадаро суроғ кард.
Баззозе гуфт, ки Саидасрор – шайх ва мутаваллии мазори Хӯҷа Балҷувон дина омада буд ва дар мадраса ҳуҷранишин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё