Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дуяшон хандиданд. – Хайрият, хайрият! – мегуфт Восеъ, мисли ин ки балоеву офате аз сари худаш дафъ шуда бошад.
Ӯ бо ҳамқишлоқиаш хайрухуш ва зудтар сиҳат ёфта хестани ӯро дархост намуда ба амлокдорхона баргашт.
Пагоҳии дигар корвон баромаданӣ шуд. Восеъ баъди ношто омодаи сафар шуда, саллаашро ба сараш печонида истода буд, ки дар даҳани дарвозаи сарой Каримча пайдо шуда Восеъро ҷеғ зад:
– Акаи Восеъ, ман аз Сариосиё омадам. Ашӯр мурда мондааст.
– Саллаи нима ба сар печонидаи Восеъ кушода шуда рафт; ӯ салларо аз нав печониданӣ шуд, он боз ба дурустӣ напечид...
Мирзоакрамбой ба рафтани Восеъ ба ҷанозаи Ашӯр иҷозат надод.
– Мо дар сафарем, – гуфт ӯ. – Якта гадо, ғариби бекасу кӯй мурда бошад, мурдааст–дия, ба ту чӣ? Ӯро бе ту ҳам мегӯронанд.
Гапи хӯҷаин ба Восеъ сахт расид. «Ин калонҳо ғариби бекасу кӯй»–ро одам ҳисоб намекунанд, – ба дил гузаронд ӯ, – моён ҳама дар назди онҳо гадоем!... Ба инҳо мурдаи Ашӯр чию мурдаи саг чӣ!
– Андеша карда гап занед, хӯҷаин, – гуфт Восеъ, – Ашӯр одам аст, саг нест. Вай ҳамқишлоқӣ ва ошнои ман буд, ба ҷанозааш рафтанам шарт аст.
– Ба рафтанат рухсат нест, мо аз роҳ мемонем.
– Рухсат надиҳед, ихтиёратон, хӯҷаин. ба ҷойи ман галабони дигар меёбед. – Восеъ агар ба коре азм кунад, аз азмаш намегашт.
Аммо Мирзоакрамбой даррав галабони дигарро аз куҷо меёбад? Магар ин ки дар ҷустуҷӯйи галабон боз як ду рӯзи дигар дар ин ҷо истад.
Бой ноилоҷ сафарро як ду соат ақиб партофта, ба рафтани Восеъ розӣ шуд. Восеъ дар ин моҷарои аввалин ғолиб баромад.

пешина
аз 471
навбатӣ