Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳафс бинни Ҳошим: Онҳоро биёред.

Зиндонбон бо чанд сарбоз аз ҳуҷра берун мешавад ва ба назди Ҳасан бинни Аъло ва бародаронаш меравад. Онҳо ҳоли ғариб доранд: Ришу мӯйҳои дароз, пероҳанҳои дарида, андоми хароб. Онҳоро ба ҳамин минвол назди Ҳафс бинни Ҳошим меоранд. У бо дидани ишон бо тамасхур механдад.

Ҳафс бинни Ҳошим: Рӯзгоре дароз гузашт, то шумо дар укубат мондаед. Бо ин рафтору якравӣ чӣ фоида меёбед?

Ҳасан бинни Аъло: Яке аз се корро меёбем, ë он, ки ту бимирӣ, ë худовандигори ту бимирад, ë мо бимирем.

Ҳафс бинни Ҳошим: Укубатро зиёдтар кунед, то дами ишон паст шавад...

Кушки Аъло

Абумуҳаммад: Аз ин сухан як моҳ нагузашта буд, ки амири Хуросон бимурд. Дар Бухоро ғавго бархост ва дарҳои зиндон бишкастанд. Ҳафс бинни Ҳошим гурехт ва сарои ӯро ғорат карданд ва Ҳафс бо ин алам мурд ва Ҳасан бинни Аълои Суғдӣ бо бародаронаш ба Бухоро боз омаданд...

Ҳусайни Аъло аз дари кушк ба истиқболи меҳмонон берун меояд. Ва онҳо ба дохили бино мераванд.

Толори васеи барҳаво. Ду рад сутунҳои кандакорӣ шуда толорро ба се қисм ҷудо мекунанд. Гирдогирди толор суфаҳо бардоштанд. Деворҳо бо деворнигорабо ва муҷассамаҳо музайян. Ҳусайни Аъло меҳмононашро ба сари суффаи мобайнӣ, ки алаккай он ҷо ду-се нафар аз бузургон Бухоро, аз ҷумла Абилҳафси Сағир ва чанд нафари дигар нишастаанд, мебаранд. Онҳо ба истиқболи меҳмони тозаворид аз ҷойҳои хеш мехезанд ва ишонро аз бари Абилҳафси Сағир мешинонад. Ду-се ғуломи турк барои тазиини дастурхон равӯ доранд. Абуҳомид бо ишорати даст ғуломонро аз толор берун мекунад.

Абуҳомид: Лозим ки шуданд, даъват мекунем.

Ҳусайни Аъло: Ҷаноби олӣ аз чизе хавф доранд?

Абумуҳаммад: Аз бало ҳазар. Ғулом сидқ надорад. Ба ҳамон муваффақият метавонад хоҷаашро бифурӯшад. Хусусан дар шароити имрӯз, ки мо қарор дорем: ҳама ҷоро бегонагон ишгол кардаанд.

Абулҳафс: Намефаҳмам, ин ҷо паи чӣ коре ҷамъ шудаем.

пешина
аз 675
навбатӣ