Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар паи меҳмонист...

Ҳусайни Аъло: Хоҷаам беҳуда ташвиш мекашанд. Ҳаводиси авохир ончунон машғуламон дошт, ки натавонистем лаҳзае ба фароғат ба дидори дӯстон бирасем. Баъди паси сар шудани ин ҳама меҳнатҳо хостем бо дӯстони қадим замоне дами беғам занем...

Абилҳафс: Ман дар ҳақиқат гумон бурдам, ки ин ҷо барои муҳокима кардани ман ҷамъ омадаанд.

Абуҳомид: То андозае ҳамчунон ҳам ҳаст. Бузургони Бухоро аз шумо домангир ҳастанд.

Абилҳафс: Чаро аз худашон не?! Магар заъфи ишон набуд, ки ба чунин амале даст заданд?! Магар маслиҳати худи ҷанобон набуд? Воқеаҳои охир бори дигар нишон дод, ки фақат шоҳзодаи сомонӣ метавонад боиси амнияти кишвар бошад. Онҳо дар саросари кишвар тасаллут доранд ва эътимоди хулафои Бағдод ба ишон аст.

Абумуҳаммад: Дар воқеоти охир ҳам мо мадюни мардуми худ ҳастем. Ҳукумати марказӣ ҳеҷ коре накардааст. Агар аҳвол бад-ин минвол равад, ҳеҷ ҳоҷат ба бегонагон нест.

Абилҳафс: Барҳазар бошед, дӯстам, амир Исмоил бегона нест! Ва аз чун шумое, ки пушт дар пушт бухорхудо буданд, сар задани ин суханҳо хуб нест. Шумо худ нағз медонед, ки қазия ин тавр нест. Ин аз рашк аст.

Абумуҳаммад: Ӯ чизе надорад, ки боиси рашки мо шавад. Як асилзодаи бухороӣ ҳам метавонад ҷойи ӯ бошад.

Абилҳафс: (механдад). Мефаҳмам, ба ҳайсияти шумо сахт расидааст. Вале чӣ чора? Дер шуд. Шумо дар ин муддат аз хеш ибтикоре нишон надодед, то мардум, ҳамон бузургоне, ки мегӯед, шуморо баргузинанд. Дер шуд ва аз суханҳо дигар беҳуда аст. Мардумро ба меҳнатҳои нав накашонед.

Абуҳомид: Ман намефаҳмам, чаро шумо аз ӯ бо ин эҳтирос пуштибонӣ мекунед. Ӯ як кӯдак аст! Коре, ки ӯ кардааст, чист? Мо мадюни Ҳусайн бинни Аъло ҳастем.

Абилҳафс: Пас шумо бифаҳмонед, ки ин “кӯдак” кист?! Ҳамеша бо ӯ будаед, чӣ дар умури дарбор ва чӣ дар набарду корзор. Шумо соҳиби шуртаи Бухоро ҳастед.

Ҳусайни Аъло: Ман дар тадбиру дониши амир Исмоил сухан надорам. Ӯ марде худопарасту бетамаъ аст. Намефаҳмам, чаро дӯстони мо аз ӯ хушашон намеояд. Ғалаба бар хоразмиҳо, сар кӯб кардани раҳзанони Ромитану Баркад

пешина
аз 675
навбатӣ