Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дарё ғарк шуданд ва шумори асирон ба ҳафтод мерасад. Ва бузургони лашкар мунтазири фармон гирифтан аз амирам ҳастанд, ки душманро то ба манзилаш саркӯб намоянд.

Амир Исмоил сарашро мебардорад ва ба рӯйи ҳамсӯҳбатонаш хира мешавад.

Амир Исмоил: Лашкари шикастхӯрдаро таъқиб кардан осон аст, вале оқибатҳои шум дорад. Ҳанӯз мо барои ин амал тайёр нестем. Алҳол вазифаи мо фақат ва фақат ҳимояи сарҳадоти кишвари хеш аст.

Абузакриё: Алҳол мавқеест, ки метавон ба осонӣ Хоразмро аз тасарруфоти мулки худ гардонд.

Амир Исмоил: Ҷиддан сарони лашкар чунин андеша доранд?

Ҳусайни Аъло: Оре, амирам.

Амир Исмоил: Ин маънии онро дорад, ки кишвар ба ҷанг кашида мешавад. Оё лашкари Бухоро бо лашкари Яъкуби Лайс поймардӣ карда метавонад? Ин хандаовар ва аз бехабарӣ аст. Аввалан, мо барои чунин ҷанге маъмурият надорем. Ва ё шумо мехоҳед, ман ба амири Вароруд Наср бинни Аҳмади Сомонӣ, бародари хеш осӣ шавам? Хулласи калом, иддаои шумо бар як асос такя менамояд: шумо манро намехоҳед! Бигзор ин ҳаққи фитрии шумо бошад. Вале ман ба касе иҷоза нахоҳам дод, ки барои манфиатҳои ночизу фосиди хеш кишварро, мардумро ба харобӣ кашад. Ин гуна аъмол аз ҷониби мо хиёнат маънидод хоҳад шуд. Ин гуна ашҳос ба мисли Ҳусайни Тоҳир андеша мекунанд. Ва ё маънии ҷангидани шумо ҳам дарёфтани ғанимат аст?! Шумо бузургтарин ғаниматро дар ёфтаед: Озодӣ! Амнияти ҷону молу мулк! Ҳар кӣ ин неъматро дорад бениёз аст. Чаро фикр намекунед, ки дар баробари ҳар амали золимона, ҳар кори бераҳмона ҷавоб хоҳед гуфт: чӣ дар ин дунё ва чӣ дар охират. Бо ғорати мулки Хоразму хоразмиён мо хешро ғорат мекунем. Факру бенавоии Хоразм боиси азобу ранҷу нооромии кишвари мо мешавад. Агар имрӯз онҳо як Ҳусайни Тоҳир доранд, фардо ҳамагон Ҳусайни Тоҳир хоҳанд шуд... Аз укубате, ки Худо дар охират таҳдид кардааст, тарсед... Ба он сарбозону афсароне, ки дар ин набарди бераҳмона аз худ поймарди бемисл нишон додаанд, подош хоҳем дод.

Абузакриё: Фардо субҳ мардуми Фароб ба тадфини мактулон

пешина
аз 675
навбатӣ