Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба соҳили дигар гузаштаанд. Ҳусайни Тоҳир бо чанд афсараш болои теппае бар ҷанг назорат мекунад, аз пешрафтҳои лашкараш шодмон аст.

Дар ҳамин асно аз паси гарезаҳои шарқии рӯди Ҷайҳун дастаҳои сарбозони Байканду Фароб ба ҷанг ҳамроҳ мешаванд. Ҷанг шадид мешавад. Куштаҳои зиёде аз ҳар ду тараф ба ҷой мегузарад. Аспҳои бе сарбоз ба чор тараф мегурезанд. Садои тарақотуруки силоҳҳо бо ҷангу губори майдони ҷанг ба осмон мепечад. Сарбозони амир Исмоил ба дили дашт ақаб мешинанд. Ғайрати Ҳусайни Тоҳир ҷӯш мезанад ва аспашро ба қалби майдон медавонад. Ӯ барои хеш бо зарби шамшер роҳ мекушояд. Паҳлавоне аз сарбозони байкандӣ бо ӯ пархош мекунад, онҳо то дер бо ҳам меҷанганд, паҳлавони бухорой аз дасташ захм мебадорад ва аспи Ҳусайни Тоҳир аз болои ӯ меҷаҳад. Ҳусайни Тоҳир ҳам аз ҳол рафтааст, фақат шамшерашро барои сиёсат болои сараш алвонҷ медиҳад, вале қодир ба зарба задан нест.

Амир Исмоил бо Абузакриё ва Ҳусайни Аъло ва чанд нафари дигар болои теппае истода, ҷангро назорат мекунанд.

Амир Исмоил: Ҳусайни Тоҳирро зинда бояд ба даст овард. Лашкари ӯ пурра дар майдон аст, аз ин зиёд сарбозони мо дар баробари анбӯҳи ишон поймардӣ карда наметавонанд. Мобақиро ба майдон дароред. Корро бояд яксара кард.

Ҳусайни Аъло ба ду сарбоз супориш медиҳад, ки ба сарони фавҷҳои майсараву маймана хабари ба набард ҳамроҳ шуданро бирасонанд. Онҳо бар аспҳо нишаста паси гарезаҳо нопадид мешаванд.

Дар осмони ғуборолуд мурдорхорҳо ба парвоз меоянд ва садои наҳсашон бар андомҳо раъша медавонад. Аз ҳар тараф садои нолиши захмиҳо ба гӯш мерасад. Баъд аз чанд лаҳзае қисмҳои боқимонда дар майнамаву майсара бо садову валвала вориди майдони набард мешаванд, ва оқибгоҳи душманро бурида, ӯро билкул муҳосира менамоянд. Сарбозони хоразмӣ навмед мешаванд ва кӯшиш менамоянд, ки як самтро раҳна намоянд. Ҷанги шадиду беамон аз нав боло мегирад. Иддае каме аз сарбозони Ҳусайни Тоҳир ба раҳна кардани хати муҳосира комёб мешаванд. Дар миёни ишон Ҳусайни Тоҳир низ ҳаст.

пешина
аз 675
навбатӣ