Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Он гоҳ фавҷҳои майсараву маймана аз пас ба душман ҳамла меоваранд ва ӯро ғофилгир мекунанд. Ин усули ҷангро ҷадди мо Ашки аввал бори нахуст бар зидди юнониҳо истифода бурда буд ва понсад сол муваффақ буданд, то кишварро аз ҳуҷуму ғорати бегонагон орому осоишта нигоҳ доранд. Имрӯз ҳам Визонс таҳти султаи авлоди ишон аст, ки то ба Саклобу Рус имтидод дорад... Пешниҳоди дигаре ҳаст?... Пас омодагӣ бинед...
Қароргоҳ
Афсарҳо, яъне сарони гурӯҳҳои лашкар бо ҳамроҳии Абузакриё ва Хусайни Аъло аз ҷодари амир Исмоил берун меоянд. Аз ду тарафи руде, ки киштзорҳои гирду атрофи Фаробро шодоб мегардонд, ҷодарҳои рангоранг зада буданд ва сарбозон ба коре машғул буданд. Ва ҷо-ҷо дида мешуд, ки онҳо, ду-дуву се-се шамшерзанӣ мекарданд ё найзапартой. Бо гузаштани чанд лаҳзае амир Исмоил аз хаймааш, ки ба ранги сурх буд, берун меояд ва бо Абузакриёву Хусайни Аъло ва чанд тани дигар аз афсарҳо бар аспҳо нишаста ҷониби майдони ҷанг раҳсипор мешаванд. Барои муайян кардани атроф онҳо ба гареваи баланде мебароянд ва амир Исмоил бо нӯги тозиёнааш самтҳоро ба ишон нишон медиҳад. Афсарҳо ба қароргоҳ бармегарданд. Амир Исмоил бо Абузакриёву Хусайни Аъло он ҷо мемонанд. Аз ҷониби Ҷайхун ҷанге ба ҳаво мепечад ва саворе шитобзада ба сӯйи онҳо меояд...
Руди Ҷайхун
Лашкари Хусайни Тоҳир — чӣ савораву чӣ пиёданизом хешро ба дарё мезананд. Аспҳо аз ҳайбати амвоҷ ва ширу валваи сарбозони хоразмӣ рам мехӯранд, саворони хешро ба об мепартоянд ва ба завракҳо бархӯрданашон онҳоро чаппа месозанд. Сарҳадбонони бухороӣ ба ҷанг мепайванданд, баъзеҳо кушта мешаванд ва баъзеҳо аз соҳил ақиб мешинанд. Фавҷи сарбозони истаравшаниву фарғонӣ ба ҷанг ҳамроҳ мешаванд, вале онҳо низ дар муқобили лашкари Хоразм муқовимат карда наметавонанд, ақиб менишинанд, аз ду тараф куштаҳо бар пуштаҳо боқӣ мегузоранд. Дигар он тарафи дарё ҳеҷ сарбозе намондааст, ҳама

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё