Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

хуни хеш сурх месозем. Ин амал аз мо шоиста нест, вале зарурат такозо мекунад, осоишу оромиши кишвар такозо мекунад, ки ба чунин амали зиште даст занем. Ҳол он ки мебоист бо ҳамин пархош шамшерҳои худро бар ҷигари бегонагон рангин мекардем. Вале ин тавр нашуд. Онҳое, ки раъйи маро хато мепиндоранд, мухторанд. Ман фақат барои касоне, ки ҳамроҳу ҳаммаслаки ман ҳастанд, Қонун мебошам. Яъне чӣ? Онҳо бояд бозуҳои тавоно ва пойҳои чолок дошта бошанд ва дар ҳама ҳолат — ҷангу ҷашн яксон башшошу кушодарӯй, аз яъсу навмедӣ безор бошанд. Он гоҳ аст, ки беҳтарини ҳама чизҳо ба онҳо тааллуқ хоҳад гирифт ва агар инҳо ба ишон дода нашавад, бо зӯр хоҳем гирифт. Ва сарбози мо бояд бошаҳомат бошад. Ва шаҳоматро касе дорад, ки тарсро мешиносад, вале онро мағлуб месозад, уқобвор аз болои вартаҳои ҳоил парвоз мекунад. Агар рӯҳи сарбози мо чунин бахшанда нест, кишварро бӯйи фасод буғӣ мекунад ва тифлон ноқис ба олам хоҳанд омад. Худованд моро аз ин бадбахтӣ наҷот диҳад! (Андешааш садо медиҳад): "Ту бояд сулҳро ба унвони василаи ҷангҳои нав дӯст бидорӣ"...

Як ҷанги хуб ҳар сабаберо муқаддас месозад. Аз ин ба баъд бояд тирҳои орашӣ ба фаросӯи марзҳо партоб шаванд!... Ҳанӯз ки башар дар ҳолати будан мондаасту ҳадафашро наёфтааст, бояд мо ҳамчунон кунем.

Афсаре (гичу гаранг): Ман чизе дарнамеёбам.

Ҳама механданд.

Амир Исмоил: Яъне чиро дар намеёбӣ?

Афсар (сурх шуда): Ҳадафро... яъне чӣ?

Ҳама механданд.

Амир Исмоил: Оё шумо дарёфтаед, он чиро ки ӯ дарнаёфтааст?

Ҳама хомӯш монданд.

Башар аз рӯзи офариниши ҳазрати Одам то ба ҳол як ҳадаф дошту дорад ва хоҳад дошт. Инсон шудан! Ин мар- ҳилаи камол аз бузургтарин ҳадаф аст. Он қадар пайғам- барон барои ҳидояти ин мақсад омаданд, вале ҳанӯз ба- шар дар ҳолати нохудогоҳӣ боқӣ мондааст. Пайғамбарон худ намунаи ҳидояту шудан ҳастанд. Вале ку Рустаме? Ку Сиёвуше?...

Рӯзбон вориди чодар мешавад, амир Исмоил тарафи ӯ менигараду лабханд мезанад ва дигарон низ ба амири хеш

пешина
аз 675
навбатӣ