Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

пайравӣ мекунанд.

Амир Исмоил: “Рустам”, ку бигӯ, чӣ хабар аст?

Рӯзбон: Амирам, сардори язак ҳузур ёфтан мехоҳад.

Амир Исмоил: Бигӯ, дарояд.

Рӯзбон хориҷ мешавад. Ва амир Исмоил ба суханаш идома медиҳад.

Амир Исмоил: Ҳангоми суол кардани мо ҳозир шудани рӯзбон магар аҷиб нест, бигзор, ки як амри тасодуфӣ бошад. Ҳар касе бояд Рустам шавад ва ё то ба Рустам камол ёбад. Он гоҳ аст, ки башар бениёз мешавад.

Сардори гурӯҳи язак ворид мешавад ва дар муқобили амир ба зону мезанад ва замин бӯса мекунад.

Амир Исмоил: Хуш? Вазъият чӣ тавр аст?

Сардори язак: Вазъият алҳол ором аст. Душман дар он сӯи дарё ҷамъ шудааст. Шояд мехоҳад моро ғофилгир кунад, барои ҳамин ҳам фурсати мувофиқ мекобад.

Амир Исмоил: (Ба Ҳусайни Аъло). Аз Омуя чӣ хабарҳо мерасанд?

Ҳусайни Аъло: Амирам, хабаре нест, вале маълум аст, ки Тоҳир ба қасди Бухоро ба соҳили Ҷайхун омадааст. Ва шояд ба Фароб омадани амирамро надонад ва барои ҳамин ҳам бафурҷа аст.

Амир Исмоил: Шояд? Шояд!... Ман ба яқин донистан мехоҳам! Шумо ба ман сухани кӯчаву бозор мегӯед... Нақшаи ҷангии хешро ба афсарони лашкар бифаҳмонед! Дар сурати дар гирифтани ҷанг шумо чӣ тадбир месозед?

Ҳусайни Аъло: Василаи маъмули ҷангро истифода мебарем. Яъне ҳуҷум. Ба ин васила душманро дар қароргоҳаш нобуд месозем.

Амир Исмоил: Ҷанобон чӣ фикр доранд?

Афсар аз ҷой мехезад, аз ваҷоҳаташ маълум аст, ки бимнок аст.

Амир Исмоил: Ҷасурона андешаи хешро баён кунед. Инҷо мо ҳама сарбоз ҳастем ва ҳама як ҳадаф дорем. Кадом роҳ мувофиқтар, тибқи он амал хоҳем кард.

Афсар: Амирам, дар мавқеъе, ки душман қарор дорад, роҳи пешниҳодшуда мушкилоти зиёде ба бор меоварад. Ҳини убур аз дарё мо талафоти зиёд мебинем.

Амир Исмоил: Шумо чӣ пешниҳод мекунед?

Афсар: Мо бояд имкон диҳем, ки душман ба ин соҳил

пешина
аз 675
навбатӣ