Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ва мардум ба қаҳтӣ дучор хоҳанд шуд.
Амир Исмоил: Ин тадбири мулкдорӣ нест. Бозоргононро маҷбур созед, ки бо нархи пештара савдо кунанд, то мардум қаҳтӣ накашанд, ҳар бозаргоне, ки аз ин амр сар мепеҷад, бояд сиёсат карда шавад. Ин кишвар алҳол соҳиб дорад ва намегузорад, ки ҳар кӣ ҳар чӣ хост, он бикунад. Дар кишвари Бухоро хушксолиро баҳона оварда, гаронфурӯшӣ кардан шармандагӣ ва зулм аст! Бунёди ҳама гуна зулму бедод куфр аст! Ба чунин вазъият ҳаргиз муросо кардан мумкин нест! Камокон мо иҷоза намедиҳем!... Ман аз вазъият ҳар лаҳза бояд огоҳ шавам. Дар ин масъала ҳеҷ гуна мамониате набояд вуҷуд дошта бошад. Ман ҳар нафас интизори омадани пайке ҳастам. Ва ҳар кадоме аз омилони мо бояд маъмурияти хешро бе каму кост ҳушёрона иҷро кунад! Ҳар кӣ ба ном фирефта шавад, ба нон андар монад ва ҳар кӣ ба нон хиёнат кунад ба ҷома дар монад...
БАЙКАНД
Кушк
Ҳуҷрае дар кушки ҳокими шаҳри Байканд. Хизматгорону ғуломон бо таштҳои ғизо вориди ҳуҷра мешаванд. Рӯйи суффаи назди оташдон амир Наср, ҳокими Фарғона Абулашъас, ҳокими Чоч Абуюсуф Яъкуб, Муҳаммад бинни Нӯҳ, Симо-ал-Кабир, Абдуҷаббор ва чанд тане дигар гирди дастархон нишастаанд.
Абулашъас: Аз истиқболи мардум, шодиву хурсандии, симу зар нисор кардан бар сари амирам чунин бармеояд, ки ишон нисбат ба амир Исмоил хушнуд нестанд.
Амир Наср: Ин наметавонад боиси фориғболии мо гардад. Манро чизи дигар ба ташвиш андохтааст. Рофеъ бинни Ҳарсама ба кӯмаки амир Исмоил омадааст. Пеш аз он, ки ишон ба Бухоро раванд, мо бояд дар он ҷо бошем. Ҳамин шаб, бе овозаю дарвоза бояд озими Бухоро шуд.
Симо-ал-Кабир: Лашкар хаста аст. Ақаллан то фардо бояд дам гирад.
Амир Наср: Фурсат аз даст меравад... Ба сарбозон вазъиятро бифаҳмонед. Мо дигар чорае надорем. Онҳо худашон низ хуб мефаҳманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё