Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Мо ба фарзандони оқилу доно ниёзмандтарем, нисбат ба домодҳои фарбеҳу қурбталаб. Хостгорҳо киҳоянд?
Шаҳбону: Ашрофзодагони Бухорову Самарқанд.
Амир Исмоил: Магар онҳо ном надоранд?
Шаҳбону: Чаро?! Ҳама аз хонадони бо ному шарафанд.
Амир Исмоил: Худ ӯ чӣ мегӯяд?
Шаҳбону: Чӣ ҳам мегуфт?! Ӯ дар амри падар аст.
Амир Исмоил: Ман худ бо ӯ дар ин хусус сӯҳбат хоҳам кард. Вале ҳоло фурсати ин корҳо нест. Баъд...
Шаҳбону: Охир, кай?
Амир Исмоил: Намедонам. Шояд баъди оромиҳо.
Шаҳбону: Чӣ шудааст? Наход, боз...
Амир Исмоил: Оре. Фардо мо Бухороро холӣ мекунем.
Шаҳбону: Ҳоли мо чӣ мешавад?
Амир Исмоил: Бо шумо коре нахоҳанд дошт.
Шаҳбону: Худоё... Магар зиндагӣ дар Самарқанд хуб на-буд!
Амир Исмоил: Магар дар ин ҷо бад аст? Зиндагӣ майдони талошу ситез аст. Ва амирон ҳаққи фароғат надоранд.
Шаҳбону: Охир, чаро?
Амир Исмоил: Зеро онҳо бори масъулияти кишвари хешро бар дӯш доранд. Онҳо наметавонанд фақат барои хеш зиндагонӣ кунанд, ором бихобанду шиками сер бигарданд. Не, бонуи ман. Мо барои он зиндагӣ мекунем, ки дигарон ором бихобанду шиками сер бигарданд, бо шавку завқ кор кунанд ва мояи саодати хешро ба вуҷуд биёваранд. Мо бояд ба чунин зиндагӣ кафолат диҳем, дар акси ҳол биҳишти мо дӯзахи ишон аст. (Амир Исмоил чанд таро-шаи дигарро ба оташдон мепартояд.) Зиндагии мо мисли ин оташ бояд бошад: сӯзон, болохез, рӯшан, поку муназ-зах аз ҳар гуна палидиҳо... Оташи сурху сӯзан...
Амир Исмоил ба намоз меистад ва Шаҳбону аз ҳуҷра баромада меравад. Аз фурӯғи шӯълаҳои рахшон сояи амир бар девор меларзад, мерақсад.
ФАРОБ
Қалъа
Амир Исмоил бо сарлашкаронаш дар ҳуҷрае нишастаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё