Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

чӣ фикр доред?

Аҳмади Марвазӣ: Аз баски ҳодиса ногаҳонӣ аст, барои андешидану ба хулосае омадан фурсат лозим аст.

Амир Исмоил: Фурсат нест. Ҳамин ҳоло бояд чора андешид.

Муҳаммади Марвазӣ: Мо аз нияти амирам хабар надорем, бинобар ин изҳори ақида кардани мо дуруст нест.

Амир Исмоил: Мо сари ҷанг бо бародари худро надорем ва нисбат ба ҷанобашон чунин рафтореро беадабӣ мешуморем.

Абуҳомиди Ясорӣ: Интизор бояд буд, то қазо чӣ мефармояд.

Амир Исмоил: Чиро бояд интизор буд? Сари дор рафтанро? Ва ё кунҷи зиндон пӯсиданро? Чӣ, шумо гумон мекунед, амир Наср меояд, ки сари шумоёнро сила намояд?!
Хомхаёлӣ бас аст! Ҳушёр шавед, агар хобед, бедор шавед.
Аксуламали мо нисбат ба дархости амир Наср, агар ба он боз чизҳои дигаре афзуда бошанд, баробар ба осӣ шудан аст, исён аст, ёғигарӣ аст! Магар инро намефаҳмед?! Магар фаромӯш кардаед, ки шоҳон бо осиёни хеш чӣ рафторе мекунанд?! Мо Бухороро аз вуҷуди хеш холӣ мекунем.
Дигар чора нест. Ба шаҳрҳои гирду атроф расулон фиристед, то сарбозонро ба Фароб фиристанд ва мо пагоҳ ба роҳ мебароем. Дар Фароб интизор мешавем. Дигар ин, ки бояд аз амири Хуросон Рофеъ бинни Ҳарсама — дӯсти мо кӯмак талабид. Боз мегӯям, мо қасди ҷанг бо бародари худро надорем, барои эҳтиёт, худо накунад... Ба ҷуз Абулфазл дигарон метавонанд аз паси кор бишаванд. Мо фурсат надорем.

Ҳамагон ба ҷуз Абулфазл дабир баромада мераванд.

Амир Исмоил: Ҳамин ҳоло барои Рофеъ бинни Ҳарсама нома нависед. Ба фикри шумо аз одамони мо кӣ ин рисолатро хуб иҷро карда метавонад?!

Аҳмади Марвазӣ: Ман фикр мекунам, ки Ҳамӯя бинни Алӣ. Аввалан, ӯ исфароинӣ аст. Роҳҳоро хуб медонад ва дар он сӯйи Ому одами худӣ аст. Сониян, марди ботадбир ва далер аст.

Амир Исмоил: Бисёр хуб. Барои ӯ одам фиристед.
Касе аз расолати ӯ набояд огоҳ шавад. Ман гумон мекунам ҷанг ногузир аст. Оре, ногузир!

Андешаи Амир Исмоил садо медиҳад: "Ту барои ҳадаҷхои

пешина
аз 675
навбатӣ