Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ба дохил мехезад. Барф меборад ва замин сафед шудааст.
Амир Исмоил гӯё аз дурҳо садои хешро мешунид:
Хуни хуршед дар панҷараҳо лат баста буд...
Шабе дар бод Танҳоии ман дӯза мекашид.
Бо овози сармозада аз яъс, Бо чеҳри рангпарида чу моҳ...
Муҳаммади Марвазӣ, Ҳусайни Аъло, Абумуҳаммади Бухорхудо, Аҳмади Марвазӣ, Абуҳомиди Ясорӣ ва Абузакриё Яҳё вориди ҳуҷра мешаванд. Амир Исмоил аз панҷара дур мешавад.
Амир Исмоил: Озодагон аз охирин таҳаввулоти кишвар хабар доранд? Ва медонанд, ки чаро дар ин бевақтӣ ишонро даъват намудем?!
Муҳаммади Марвазӣ: Баъзе овозаҳо аз Самарқанд меоянд, вале то чӣ андоза дурустанд, маълум нест.
Амир Исмоил: Чаро маълум накардаед? Ин вазифаи шумост. Як худи ман наметавонам ба ҷои ҳар кадоме аз шумо бияндешам, кор кунам, тадбир ҷӯям ва бар ҳама чиз огоҳ бошам... Ҳоло аз Самарқанд нома расид. Дар нома, ки ба соҳиби он ҳамчун худам бовар дорам, хабар медиҳад, ки амир Наср бо лашкари бисёр ба ҷониби Бухоро ҳаракат кардаанд.
Ҳусайни Аъло: Мо намедонем касди амир Наср ба Бухоро омадан чист?
Амир Исмоил: Фақат сипаҳсолори мо аз касди амирам бехабаранд ва ё ҳама? Хандаовар аст, гумон мекунед, ки шоҳи Вароруд бо лашкари Чочу Фарғона, Самарқанду Истаравшан ба меҳмонӣ меоянд? Ва ё ишон касди Бағдод доранд?! Худро ба нодонӣ задан хандаовар аст. Озодагон чӣ маслиҳат медиҳанд?
Абуҳомиди Ясорӣ: Мо бояд аввал муайян намоем, ки касди ишон чист?
Амир Исмоил (Механдад): Магар маълум нест?!
Ҳусайни Аъло: Мо бояд, пеш аз он ки ишон ба Бухоро наздик шаванд, лашкари худро ба Кармина расонем, он ҷо интизор шавем.
Амир Исмоил: Ин фикри қатъии сипаҳсолор аст?! Оё шумо бовар доред, ки бо ин лашкари қалил метавонед, бар лашкари Вароруд муқовимат намоед? (механдад). Шумоён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё