Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ҷангҳо ҳукмфармост. Бухоро дар чунин вазъе, ки қарор дорад, наметавонад аз ин беш бар муҳоҷиминаш муқовимат намояд. Мо тасмим гирифтем, шумоён-бузургони кишварро аз ҷониби хеш барои узрхоҳӣ ба Самарқанд фиристем.
(Хоҷа Абилҳафс ба Ҳусайни Аъло менигарад. Онҳо чашм ба чашм мезананд. Дар як он ҳарду ранг иваз мекунанд. Вале аз ҳозирон касе ба вазъи рӯҳии ишон пай намебарад.)
Мо ба салоҳият ва ҳусни тадбири ҳар кадоме аз шумоён эътимод дорем, вале мехостем Абумуҳаммади Бухорхудо ва Абуҳомиди Ясорӣ гурӯҳи ҷанобонро роҳбарӣ кунанд ва ба амири Варазруд узри моро расонанд, то ба мо дар пардохти хироҷи Бухоро мӯҳлат диҳанд, яъне ин хироҷро барои як-ду сол аз мо бардоранд, то мо тавонем, қудрати дифоии кишварро пурзӯр намоем.
Абумуҳаммади Бухорхудо (аз ҷояш хеста): Иҷрои ин супориши амирамро мо барои хеш шараф мешуморем.
Амир Исмоил: Пас шумоён розӣ ҳастед, ин амри муҳим барои кишварро бар ӯҳда гиред?
Абумуҳаммади Бухорхудо: Самъан ва тоатан (Таъзим мекунад ва ба ҷои хеш мешинад).
Амир Исмоил: Агар Хоҷа андешае доранд, марҳамат фармоянд.
Хоҷа Абилҳафс: Ройи амирам дуруст аст. Хироҷи дугона бар мардум гарон меафтад. Агар амир Наср бинни Аҳмад ҳарҷи хироҷи Бухороро бар заруриёти он мебахшиданд, айни адолат мебуд.
Амир Исмоил: Пас ҷанобон пасфардо метавонанд ба роҳ бароянд. Мо аз пеш барои заҳмати ишон ташаккур мегӯ- ем ва онро фаромӯш нахоҳем кард.
Бузургони Бухоро таъзимкунон баромада мераванд. Аз он пас Ҳусайни Аъло баромада рафтанист, ки Хоҷа Абилҳафс аз зери оранҷаш мегирад ва ҳар ду баробар шитобзада баромада мераванд. Амир Исмоил бо бародару вазиру дабираш мемонад.
Амир Исмоил: Метарсам, ки амирамро бар зидди мо иғво наангезанд...
Абулфазли Марвазӣ: Дар нома зикр шудааст, ки эшон сабаби нооромии Бухоро ҳастанд. Ва ҳар амалеро бар зидди ҷаноби олӣ амирам ҳамчун амали хасмонае қабул хоҳанд кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё