Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Амир Исмоил: Аз даргоҳи худовандигор умедворам...

Даҳлез

Хоҷа Абилҳафс: (Ба Ҳусаини Аъло) Худованд оқибаташро ба хайр кунад!

Ҳусаини Аъло: Агар дар ин миён хиёнате вуҷуд дошта бошад, аз ману шумо хоҳанд донист.

Хоҷа Абилҳафс: Савганд ба худои замину осмонҳо, хабар надорам. Вале таъкид карда будам, ки шоҳон дорои ҳазор чашму ҳазор гӯш ҳастанд. Ҳеҷ чиз аз назари ишон пинҳон намемонад.

Ҳусаини Аъло: Чӣ медонам... шояд...

Онҳо бо ҳазор тардид, аз ҳамдигар бадгумон шуда аз қаср баромада ба тарафи хонаҳои хеш мераванд.

САМАРҚАНД

Бузургони Бухоро ба по истодаанд. Амир Наср аз шиддати хашм ором надорад. Бузургони Самарқанд ва аҳли дарбор бо сардории Хоҷаи Бузург ва сипаҳсолори ӯ Симоал-Кабир бо ҳаросу нигаронӣ рафтори амирро таъқиб менамоянд. Ҳама бар даҳон об гирифтаанд.

Амир Наср: Кирдори ӯ шинохтани нест! Аслан худи ӯ шинохтани нест. Ман намедонам, ӯ бар сар чӣ андеҳаҳо дорад. Худоё, мо ҳеҷ гоҳ аз кирдори ӯ мамнун нашудем. Як ҷурмашро гузашт мекунӣ, дигарашро пеш меорад. Дирӯз бе ҳеҷ узре Бухороро тарк гуфт, имрӯз узр пеш меорад, ки хироҷро пардохта наметавонад. (Ба сӯи бузургони Бухоро меравад ва Абуҳомиду Абумуҳаммад сар ба аломати таъзим ҳам менамоянд). Чаро аз ҳукумати марказӣ кӯмак нахостед?!

Абумуҳаммад: Баъди саркӯб кардани роҳзанони Ромитану Барқад, Ҳусаини Тоҳир қасди Бухоро кард. Амирам фурсат надоштанд аз Самарқанд кӯмак дархост намоянд.

Абуҳомид: Маҳз донишу тадбири ҷангии амир Исмоил буд, ки бо шашсад нафар сарбоз бар лашкари дуҳазорнафараи Хоразм ғалаба намоем. Ҷангҳои пайдарҳам ба Бухоро ва аҳли Бухоро хисороти бисёр овард. Аз ин рӯ амирам хоҳиш намуданд, ки пардохти хироҷро ба таъхир андозанд,

пешина
аз 675
навбатӣ