Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ногувор ба пайдо меояд.
Амир Исмоил: Кӣ мехоҳад, ки иззати нафсаш хадшадор шавад, боз вақте, ки одам аз худаш ким-киро тасаввур мекунад?! Ман ҳанӯз дар майдони ҷанг ин эҳсосоти таҳқирдидаи ононро пай бурда будам. Вале масъала сари ин нест. Оқибатҳои он хатарнок аст, яъне дар корҳомон моро халал хоҳанд расонд. Моро беэътибор хоҳанд гирифт. Ва мо барои таъдиби ишон сабабҳои қотеъ нахоҳем ёфт. Онҳоро ба кадом роҳ безарар метавон кард? Сарват? Абуҳомиди Ясорӣ аз мо доротар аст. Сиёсат? Ба кадом ҷурм?
Абулфазли Марвазӣ: Онҳоро бояд ба баҳонае аз Бухоро дур кард.
Амир Исмоил: Ба чӣ хел баҳона?
Абузакриё: Фақат бо мӯҳлати дароз дур кардани ишон мешавад аз макрашон эмин буд.
Амир Исмоил: Дуруст, вале ба кадом баҳона?
Исмати Марвазӣ: Бо дуздоне, ки дар маҳбасанд, онҳоро бояд ба Самарқанд фиристод ва аз амир Наср хоҳиш намуд, ки ишонро то замони барои мо мувофиқ он ҷо нигоҳ доранд. Ҳамин ки корҳо сомон ёфт, ишонро дубора талаб менамоем.
Амир Исмоил: Пас ба ҳамин мазмун барои амир Наср нома нависед ва бояд бузургони Бухоро аз он ва мазмуни он хабар наёбанд. Нома бояд махфӣ бошад.
Абулфазли Марвазӣ: Ба чашм.
Амир Исмоил: Фардо ишонро ба боргоҳ даъват намоед. Будани Абумуҳаммади Бухорхудо ва Абуҳомиди Ясорӣ ҳатмист. Бузургони Бухоро ба сухани ин ду кас эътибор медиҳанд ва ишон ҳастанд, ки онҳоро бар зидди мо меангезанд.
Рӯзона
Амир Исмоил болои тахт нишастааст. Аз ду тарафаш Абузакриё, Ҳусайни Аъло, Хоҷа Абилҳафс, Исмати Марвазӣ ва Абулфазли Марвазӣ. Бузургони Бухоро рӯйи суффаҳои ду тарафи толор нишастаанд.
Амир Исмоил: Ду ҷанги охире, ки бар сари мардуми Бухоро омад, мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Агар мо аз мардум хироҷи иловагӣ ситонем, бар ишон гарон хоҳад афтод. Бар замми ин дар кишварҳои атроф нооромию

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё