Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Такя – тагсарӣ, болишт
Тағора – зарфи сафолин
Тақалӣ – калонкор, ҳавобаланд
Та(ҳ)ҷома – намуди либос
Тевидан – аралаш кардан; калавидан
Тездору – дорӯи камон, борут
Тези – ба зудӣ, даррав
Тепук – қабурға
Тесук – оғили баррачаю бузғолача
Тер – гузаштан
Теп – гиребон
Тлим-тлим – пора-пора
Товек, това – зарф барои нонпазӣ
Тов дод – гирд зад, тофтани чизе (ресмон, химча)
Тои сарам – болои сарам
Тойсарӣ – болишт
Толоқи сар – фарқи сар
Тора зад – ҳайвони рамида , аз рамма ҷудошуда
Тосук – зарфи обгирӣ; ташнагӣ
Тосукзада – бисёр ташнашуда
Тоқ – тиреза
Тоқа – танҳо
Тоқин – туппӣ
Труқ – бодиққат нигоҳ кардан
Туба – тавба
Тула – туда, анбуҳ
Тумба – чӯбе, ки дарро бо вай маҳкам мекунанд
Тундулоқӣ – нишебӣ
Тура – туро
Туридан – ҳаросидан, тарсидан
Туша – хӯроке, ки чӯпон ё марди сафарӣ дар сафар бо худ мегирад
У
Убол – бечора, ночор
Унду – ҳиндӣ
Уно – онҳо
Уноғ – пашми мересидагӣ
Ура – ӯро, вайро
Уреш кардан – тарошидани пашми гӯсфанд.
Урмон – армон, орзуву омол
Уря – он рӯ, он тараф (одатан, он тарафи дарёро дар назар доранд)
Усу – он сӯ, он тараф
Уч – боло, уч кардан, яъне бардоштан
Уштук – тифли навзод
Уштукбага(ҳ)вора – хонахез, якҷоягӣ, ҳамакаса
Ф
Фавҷ – лашкар, сипоҳ
Фанд – дуруғ, ҳила
Фараҷӣ – ба китф партофтани ҷома
Фарёд – фалак задан
Фаш – банди салла
Физук – пажмурда
Фила – фалла, шири гови навзоида
Филола – айни замон, ҳозир, алъон
Фироқ – ёди бо сӯзу гудоз
Фирҷа – маврид, фурсат
Флахмон – фалахмон
Фова – ҳайронмонда, мадҳушшуда
Фориш – иштиҳо
Фос – оҳистакор
Фохта – мусича
Фраймон – фаровон
Фрғумч – гӯсолаи модаи то сесола
Фул – нигоҳ кардан
Фурош – ҳавлии саркушод барои ҳайвонот дар айлоқҷойҳо
Фурут – чизи пора-пора шуда, нарма.
Фусук – ҳавобаланд;
Фута – миёнбанд
Х
Хавос – хавотир
Хадукӣ – парешонхотир
Хайр бибинӣ – барака ёбӣ
Хамбидан – фуромадан
Хамермо – хамиртуруш
Хамуч – хокистари гарм
Хасмон – рӯҳи гузаштагон, арвоҳ
Хафукхур – пасмондахӯр
Хача – хом
Хела – бисёр, хеле
Хера – нигоҳ
Хингу хунук – моту мабҳут
Хиргоҳ – хайма
Хода – чуби дароз
Хоис – анбур
Хокдон – қабр, гур
Хокта бубезум, хокут бизанум, хок ба сарут – намудҳои дашном
Холук – тағо
Хотук – курраи хар
Хлесук – ҷонвари майдатарин
Хуар – хоҳар
Хумбук –зарфи калони сафолин ё чӯбин барои дӯғкашӣ
Хунус – хасис, мумсик
Хута – худатро
Хуртек(ук) – хурдакак, майдаяк
Хушгов – қутос
Ч
Чавод – қоматбаланд
Чалак – сатил
Чалпақ – косаи шикаста
Чалук – оташдон
Чалфас – сабукпо, фоҳиша
Чамус – чоруқ (пойафзоле, ки аз пӯсти гов, пусти нарбузи кӯҳӣ дӯхта мешавад)
Чакал – пораи замин
Чакман – ҷомаи пашмин барои домод
Чакук – сурмаи бадахшонӣ; оби борон, ки аз бом мечакад
Чангол – нохун задан
Чанголваш – қапо-қап кардан
Чандака – чӣ кораӣ?
Чапак – таппак
Чапнах – дӯкони майдаи хонаи бадахшонӣ барои шаҳмард ва арӯс
Чаппар – сарпуши дег, ки аз як навъ растанӣ (кулк) бофта мешавад, олоте, ки барои кӯфтани ғалладона дар хирман истифода мебаранд
Чапуш – бузи мода
Чарву – чарбу
Чарохурга – чарогоҳ
Часпук – чӯбҳои девори хонаи бадахшонӣ
Чатӣ – оворагард
Чахмохсанг – булӯр
Чахт – қоматхамида
Чахтук – асбоб барои дӯғкашӣ
Чағул – чуқурӣ
Чибоқ – зину афзори асп
Чинӣ – пиёла
Чита –чаро, чиба, барои чӣ
Чкид – ба чизе бархӯрдан, кӯфтан
Члек – чалла
Члимчатӣ – бесарунӯг
Чойҷуш – чойник
Чолук – ёл
Чилмана – чилкило, деги чилмана – деги чилкило
Чошдон –сандуқи гирдаи чӯбин, ки вақтҳои пеш барои нигоҳ доштани хӯрокворӣ истифода бурда мешуд
Чоқ – андоза
Чоқу – кордчаи майда
Чроғ – шамъ, чароғ
Чрахас – садое, ки ҳангоми бо ҳам хӯрдани ду чиз мебарояд
Чуба – чаро, барои чӣ
Чубук – ғарғараи ресмон
Чукпар – чусту чолок
Чум – номаълум, намедонам
Чумча – қошуқ
Чундур – дастмол аз буттаи дарахт ҷогашуӣ
Чухт – шифти хона
Чуғул – бадқаҳр

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё