Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Рокидан – бемории дароз
Рубук – ҷорубаки осиёб; рубук ба чухт – хонаи хушку холӣ
Рузан – равзан
Ручупуч – майда-чайда
С
Сабилӣ – бесоҳибӣ
Сабилук – гург (дар айлоқҳо номи гургро ба забон намегиранд)
Сагалак – оворагард
Сайл – сайру тамошо
Сакал – як навъи пойафзол, ки аз пӯсти ҳайвонот дӯхта мешавад
Салебале – саргардон
Салот – вайрона, харобшуда
Салохта – чизи вайроншуда
Самбам – роҳгум
Сангчуб – тахтаи нишаст
Сандон – асбоби оҳангарӣ (дар коргаҳ)
Санҷ – ҷойгоҳест, дар хонаи бадахшонӣ
Сандал – як навъ пойафзол
Сапал – калонпой
Сап-сап гаштан – оворагардӣ
Саргӯш она – кинояомез гап задан.
Сар заду рафт – омаду рафт
Сариёғ – равғанеро, ки пагоҳӣ дар ширчой меандозанд
Сартакя – ҷои нишасти меҳмон дар хонаи бадахшонӣ
Сарусомон – зебу зиннат додан
Сарғ – савдоӣ
Сат – ҳангом, лаҳза, вақт.
Сахра – якрав
Сая – тезонидани кор, саъй
Сақат – кори нотамоми дурудароз, норивоҷ
Сақсақа – якчанд корро паи ҳам фармудан (ин кора кун, вай кора кун)
Сағер(а) – ятим
Сағоч – тахтасанг
Седин – номи айлоқ
Сехук – асбоби ҷураббофӣ
Сияговук – гамбӯск
Сиварӣ – боди саҳарӣ, насим
Слапуло – ҷои торик
Суворчодур – матоъи сафеди гирди бадани арус
Сулама – гуруҳи ҷавонон
Сумб – сум (суми асп, хар, гов)
Сумох – сурох, шикоф
Сундур – номаъқулӣ
Сунор – келин
Сур – бадповуқадам, зиштрӯ
Суроқ кардан – пурсу пос кардан
Сута – чӯб, калтак
Сутхон – устухон
Суфа – пешайвон, дӯконча
Сухи аму сат буд – хуштарин рӯз ҳамон буд
Сфаниҷ – ҷойи баромаду даромад ба хона
Т
Та(ҳ) – поён
Таасуб – дар коре ба ҳамдигар нигоҳ кардан, аз дилу ҷон кор накардан
Таванҷа – бо чуб ва расан маҳкам кардани дар
Тавар – табар
Тагов – поён аз айлоқ
Тайпуштӣ – либоси корӣ, барои бор кашидан бо пушт
Танбон – эзор, поҷома
Тал – болои ҳам, тал задан – болои ҳам чидани ягон ашё
Таликча – муҳрадони арус
Талух – чизу чораи арус
Тамус – гармои тобистон
Тарбед – чуби ғавс
Тарит – хуроки чорво (ба коҳи сафед илова кардани об, орд, намак)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё