Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Гана – ҷавоҳирот
Гармиёна – хӯрокҳои серғизо
Гилам – бӯрёи аз мӯи буз тайёркардашуда
Гирондагӣ – ҳазм нашудани ягон хурок дар меъда
Гир кард – нигоҳ доштан, истодан
Гирягар – касе, ки дар маъракаи азодорӣ фалак мезанад
Говдуш – зарфи говдӯшии сафолин
Гувора – гаҳвора
Гузар – гузаргоҳ
Гулак – ғулак
Гулмола – гилмола, андова
Гундушк – гунҷишк
Гурдкан – асбоби оҳанин барои кандакорӣ дар чӯб
Гурм – озахи дарахт; гурмаш пухт – ба мақсад расид
Гурҷик – саги гурҷӣ
Д
Дамахук – чуқурии таги танӯри бадахшонӣ.
Дамбуқ – мурдани ногаҳонӣ
Дами – дар ҳамин
Дангон – аллаи гуфта навозиш кардани кудак
Даргов – дарёчаи кӯҳ ӣ
Дар додан – оташ задан
Дарза – бастаи алаф
Дарёб кардан – расидан ба
Дастак – чӯбҳои ғафсе, ки барои болопӯши хонаи бадахшонӣ истифода бурда мешаванд
Даствона – дастбанд
Дастфилол – дар айни ҳол, ҳозир
Де – бизан
Девдахамуч – саросема
Девол – девор
Дегдонпочук – дегдончае, ки аз санг омода мекунанд(дар рӯи ҳавлӣ)
Дзунд(ак) – матоъе, ки таги пуштбораи ҳезум монда мешавад
Дзингонмарак – гирёнру
Диго – дигарҳо
Дилгир – зиқ, пазмон
Додӣ – падар
Дол – шоху барг; долу дарахт – шоху барги дарахт
Донг – калатак
Дохтаем – андохтаем
Дошмӣ – заифа (ба ҳамин дошмӣ нарасед)
Дравш – сӯзани музадӯзӣ
Дридук – пора шудагӣ
Дувот – сиёҳидон
Дугӯша – зарфи хӯрокхӯрӣ
Дукон – ҷои хобравӣ дар хонаи бадахшонӣ
Дулдул – номи аспи Ҳазрати Алӣ
Дул – асбоби осиёб, ки ғалларо дарунаш мерезонанд
Е
Евар – бародари шавҳар
Ё
Ёл – кокул
Ёлбур(ида) – шарманда, бадбахт
Ёғӣ – қаҳрӣ
Ёғурда – ҷойноми маконест дар Ғоронболои Бадахшони
Афғонистон
Ж
Жбеқ – қадпаст
Жулида – назарногир
З
Заб – аҷаб
Занемук – зани амак
Зангор – заифии пеш аз марг
Занхолук – зани тағо
Зашук – як навъ растании хордор
Зақаҳ (аз забони шуғнӣ) – зиққӣ, ранҷ
Зил задан – парешонхотир, хаста
Зира – борикмиён
Зоду зулук – аҳли хонавода; авлод
Зояъ (зоеъ) – ҳайф
Зувор – номи мавзеъ дар Ғорон
Зувордара – дараест дар Ғорони Афғонистон
Зух, гурм – ҷои буридаи шохи дарахт
И
Ила – кушода
Ила – ҳила, найранг
Иря – ин сӯ, ин тараф (одатан, ин тарафи дарёро дар назар доранд)
Ирға – юрға, тозӣ
Ису – ин сӯ, ин тараф
Ифчук – зодгоҳ
Ичи – ҳеҷ чиз
Ичмал – ҳаргиз, асло
Иқа – ин қадар
К
Кавлез – чумчаи калони чӯбин
Кавш – пойавзоли чӯбин
Кадхудо – зангирифта,оиладор
Кайбону – кадбону
Калапо – сарнишеб
Калатон – сабилмонда, вайрона.
Калова – кулулаи ресмон; сари каловаро наёфтан – раҳгум шудан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё