Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

ЛУҒАТИ ВОЖАҲОИ ЛАҲҶАИ ҒОРОНӢ

Авгор – афгор, заифу нотавон

Агане – агар не

Ай боисти ту – аз барои шумо

Айкал – тумори гардан

Айлоқ – маконе, ки тобистон раммаро он ҷо мебаранд

Айхрда – аз дилу ҷон

Айёл – зан, оила

Айғир – аспи нар

Ази – аз ин

Ала – ало, сиёҳу сафед

Алабӣ – зарфи хурокхурӣ, коса(шояд аз калимаи

“Ҳалаб”(шаҳри Сурия) бошад)

Аламон – роҳзан

Алафту балафт – сафсата

Алахшоу – ҷоғ

Алба – албатта

Алов – оташ

Аловшурук – сим ё чӯб, ки оташро бо он мекобанд

Алочаи абрешум – як навъи матоъ, атлас; карбос

Алоҷонук – эй ҷонак

Амбарӣ – алафи хушбӯй

Амбӣ – сангтӯда

Амел – муҳраи гардан

Ами – ҳамин

Аму – ҳамон

Амтарӣ –ҳамин хел

Амуқа – ҳамон қадар

Анҷан – асбоби рузгор, ки аз химча тайёр карда мешавад

Ар мезана – гиря мекунад

Аргон – ҳар гоҳе

Аргу – аз ин гӯш ба он гӯш

Арқа – камар, китф

Афтафам – ба маънии гап дер мерасидагӣ

Афтов – офтоб

Афунат – зирак

Ахман – як навъ растании буттагии мевадор

Ағел – оғил

Ақибнагӣ – аз қафо мерафтагӣ

Б

Бадмош – бадхислат, бадхӯ

Балафта – сафсата

Ба лиёз – ба номи, ба эҳтироми (Ба лиёзи Худо, ин кори хуб нест)

Байтал – аспи модиён

Бандук, банд – гузаргоҳ аз як кӯҳ ба кӯҳи дигар

Банду баст – паймон, шарт

Бармол – пуштаи нишебдор

Барзангӣ – калонҷусса

Бару бер – бетафовут, фарқ надоштан

Бат – як навъи таоми миллӣ

Бач-кач – бачаҳо, кӯдакон

Башол – як навъ растании буттагӣ

Бдорд – номи мавзеъ дар Ғорон

Бдяд – бидиҳад

Бест –исто

Бетавфиқ – бетолеъ

Биёр – додар, бародар

Бибизук – бибизан

Бишурем – бикобем

Бландор(д) – ордмонак ё орддор.

Бландзком – пуртақал, нозгар

Бодӣ – ҳавобаланд

Бозпарон – боз(паранда), ҷоест дар хонаҳои қадимии бадахшонӣ, дар интихоби мансаб боз мепарронданд, ба сари касе менишаст, ӯро ба ҳамон мансаб интихоб мекарданд.

Болқа – болғаи майда

Бомунда – дар сари бом

Бон – бимон

Бона – баҳона, бонек – баҳонаяк

Бшава – шавад

Бтук – як навъ зарфи гилин (барои говдушӣ истифода мешавад)

Бугет – бигӯед

Будана – бедона (парранда)

Бӯйдоқ – безан

Булуқ – баромада (шикастани ягон узви бадани инсону ҳайвон бо сабаби лат хӯрдан)

Булфмандӣ – безеб

Букулук – гӯсолаи нари то яксола

Бур-буру, қур-қур – беҳудагуӣ

Бурбаргон – барраҳои ҷигариранг

Бурсоқ – як навъ хӯрданӣ, ки аз орду равған тайёр мекунанд

Бут – пойафзол

Бух – ҳашаротҳои майда

Буча – бузғолача

Буқпушт – кузпушт

Буғма – варами рудаҳои ҳайвони хонагӣ

Буҷих – хунукхурда

В

Валч – чӯбчаҳои борике, ки дар шифти хонаи бадахшонӣ истифода бурда мешаванд.

Вархато – парешонхотир

Вархурдан – вохӯрдан

Варшо-варшо – ҷудо кардани баррабуча

Вақӣ – яку якбора бармадан; ҷонат вақи мешад – марги нобаҳангом

Ваҷаб – меъёри ченкунӣ бо кафи даст

Вега – бегоҳӣ

Верак – барраи нозоида

Видук – ресмон

Вирд – мақсаду маром, ҳар сухане, ки аз даҳон мебарояд

Вовайло – бесаробон

Волида – зани халифа

Волч – ҷӯйчаи замин

Ворӣ – барин, монанд

Воскат – калтача (аз калимаи англисии “waist-coat” гирифта шудааст)

пешина
аз 41
навбатӣ