Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

(Маснавии маънавӣ - дарёи ҳикмат)
«Маснавии маънавӣ» мисли дарёест, ки дар кўза ғунҷида ва бо он ки муҳимтарин матлаби он кашфи асрори вусул ба ҳаққу яқин аст, ҳар ки бо ниёзе ба он ғўта занад, аз ин дарёи беканор гавҳари мақсуд ба каф меорад.
Тору пуди «Маснавӣ» аз ҳикоёти тамсилӣ бофта шуда ва бунёди ин ҳикоёт бар рамзу кинояву истиора аст. Ҳар ҳикоят чанд матлабро равшан мекунад ва ҳар кадом бо ҳикоёти дигари қабл аз он ва баъди он пайванди бехалал дорад. Манзури муаллиф аз ҷамъи онҳо тасвири инсони комил аст, ки аз худ раста ва ба ҳақ пайвастааст ва ҷамъи мабоҳис дар «Найнома»-и «Маснавӣ» дар ҳудуди 18 байт фароҳам омадааст. Бесабаб нест, ки як худи «Найнома» боиси офарида шудани рисолаҳое мисли «Ҷавоҳир-ул-асрор»-и Хоразмӣ ва «Ноия»-и Яъқуби Чархӣ шудаанд. Най киноя аз ҳамон инсони комил аст, ки аз худ тиҳӣ гашта ва майл ба ҷониби холиқ дорад. Ҷавҳари «Маснавӣ» ситоиши инсони комил ва ишқи лоязолӣ мебошад, ки дар саропои он ба навъе мукаррар зикр шудааст.
Таркиби «Маснавӣ» ончунон рехта шуда, ки нахуст ҳикояте шурўъ мешавад ва дар робита бо он зимни тамсилу ташбеҳу қиёс ҳикматҳои заминӣ арз меёбанд, дар сатҳи дигари маънавӣ ин андарзҳо ба маонии динӣ кашида мешаванд ва дар ниҳояти кор ба ирфон мепайванданд. Яъне, қалами Мавлавӣ моро «зина-зина то мулоқоти Худо» мекашад. Ҳар хонандаи «Маснавӣ» бо ин чор сатҳи маънигузиниву маъниҷўӣ вобаста ба завқу салиқа ва омодагии худ сару кор мегирад. Барои яке танҳо сужети ҳикоя, ки шабеҳи афсона аст, хуш меояд, дувумӣ андарзе барои рўзгори иҷтимоӣ меҷўяд, севумӣ матолибе дар роҳи дин мекобад ва танҳо аҳли маърифату ирфон ба матлаби асосӣ пай мебаранд.
Маъниҳои қабат андар қабатро метавон зимни як ҳикояти «Маснавӣ», масалан, қиссаи машҳури «Бозаргон ва тўтӣ» ба тариқи намуна мушоҳида кард. Ин ҳикояи маъруф дар «Асрорнома»-и Шайх Аттор нақл шуда ва ишорае ба он дар «Тўҳфат-ул-ироқайн»-и Хоқонӣ низ ҳаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё