Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Бубинем, ки Мавлавӣ аз он чӣ бардоштҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва ирфонӣ дорад. Маонии баланду рангини он дар чаҳор сатҳ чунин ба мушоҳида мерасад.
I. Тамсили латифу дилангез:
Мазмуни ҳикоят хеле содаву ширин аст. Бозаргоне ба Ҳиндустон рахти сафар баст ва ҳангоми рафтан тўтии маҳбус ба воситаи ў ба ёрони худ пайғом фиристод. Дар Ҳиндустон чун ёрони тўтӣ ин пайғом шуниданд, яке аз онҳо ларзиду афтод ва ноҷунбон гашт. Бозаргон баъди бозгашт ин қисса ба тўтии худ гуфт ва он ҳам чунин кард ва бад-ин ҳила аз қафас раҳо шуд.
II. Ҳикмат ва андарзҳои муҳими рўзгор Забон аз ҳарфи бад нигоҳ доштан:
Ин забон чун сангу ҳам оташваш аст В-он чи биҷҳад аз забон чун оташ аст.
Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ, Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ.
Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон, Ҳамчу тире дон, ки он ҷаст аз камон.
Во нагардад аз раҳ он тир, эй писар, Банд бояд кард селеро зи сар.
3. Сухан дониста гуфтан, зеро аз сухани беҷо нифоқу низоъ бархезад:
Оламеро як сухан вайрон кунад, Рўбаҳони мурдаро шерон кунад.
4. Сабру таҳаммул пеша гирифтан, фирефтаи нафс нашудан, ба буда қаноат кардан:
Гар сухан хоҳӣ, ки гўӣ чун шакар, Сабр кун, аз ҳирс ин ҳалво мах(в)ар.
Сабр бошад муштҳои зиракон,
Ҳаст ҳалво орзуи кўдакон.
Ҳар ки сабр овард, гардун барравад, Ҳар ки ҳалво х(в)ард вопастар равад.
5. Луқмаи ҳалол хўрдан. Касе ки аз меҳнати ҳалол нон мехўрад, ҷаҳони ботиниаш афрўхта аз нур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё