Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

лиҳози оҳанг рубоии Маҳастиро ба ёд меорад:
Афсўс, ки бефоида фарсуда шудем,
Дар тоси сипеҳри божгун суда шудем.
Дардову надомато, ки то чашм задем,
Нобуда ба коми хеш нобуда шудем.

Афсўс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд
В-он тозабаҳори зиндагонӣ дай шуд.
Он мурғи тараб, ки номи ў буд шабоб,
Афсўс, надонам, ки кай омаду кай шуд.

Афсўс, ки сармоя зи каф берун шуд
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре
В-аҳволи мусофирон бигўяд чун шуд.
Хайём дар рубоиёти хеш афкоре пурғунҷоиштар ва маоние рангинтар ҷо додаст ва агар дар рубоиёти Маҳастӣ сухан аз ҳоли як нафари мушаххас бошад, дар рубоиёти Хайём ҳоли табиат ва вазъи фалаку ҷомеа дар мадди назар аст. Бо вуҷуди ин, бархўрдҳое дар афкори бадеии Маҳастиву Хайём, ки ҳарду ҳамзамон ва ҳарду дар рубоисароӣ мумтоз буданд, зиёд ба назар расид ва ин фишурдаро метавон такмил дод.

Пайнавишт:

  1. Абдурраҳмони Фаромарзӣ. Маҳастии Ганҷавӣ ва маҳбуби гумноми ў.–Девони Маҳастии Ганҷавӣ бо шарҳи ҳол ва осори шоира. Бо эҳтимоми Тоҳири Шаҳоб.–Теҳрон, 1335.–С. 7.
  2. Амонов Р. Ҳар зоғ гумон мабар… / Адабиёт ва санъат.–1987.–26
    ноябр.
  3. Асадуллоев С. Меҳситии Хуҷандӣ.–Ашъори мунтахаб.–Душанбе: Ирфон, 1992.
  4. Девони Маҳастӣ / Ба эҳтимоми Тоҳирии Шаҳоб.–Теҳрон, 1335.
  5. Матлубаи Мирзоюнус. Шамъи тироз.– Хуҷанд, 2001.
  6. Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ. Хайёмӣ ё Хайём.–Теҳрон, 1370.–С. 64.
  7. Рубоиёти Хайём / Тасҳеҳи Қосим Ғанӣ.–Теҳрон, 1371.
  8. Суҳайлии Хонсорӣ. Рубоиёти ҳакима Маҳастии дабир.–Теҳрон,
  9. Тоҷӣ Усмон. Шоира Маҳастӣ.–Душанбе, 1963.
  10. Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 7.–Душанбе, 1987.–С. 597.
    Соли 2002 НАРДБОНИ ОСМОН АСТ ИН КАЛОМ…
пешина
аз 500
навбатӣ