Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Танҳо барои он ки онҳо зиндаанд ва ў ҳамроҳи онҳо зиндагӣ дорад. Фақат барои ҳамин... Ва Хиёл ҳис кард, ки ба ҳаёт муҳаббати бепоёне дорад, ба ҳама некӣ мехоҳад ва ҳамаро дўст медорад – ҳам Ғуломи девчашмро, ки аз гум шудани хараш ғусса хўрда, аз саҳар боз ғур- ғур дорад, ҳам Сафияи моҳурўзаш наздикро, ки коғази духтур овардаасту аз пагоҳ дигар ба кор намебарояд (Илоҳо, бедарду безахм таваллуд кунад!), ҳам Бозори табелчиро, ки қалами бехи гўшашро афтондааст ва ду соат боз дар миёни ҷўякҳо чорпо мегардаду замини пахтаро мепалмосад. Охир, то баркашидани пахтаи мардум ним соат монд, бо чӣ менависад? (Илоҳо, дилкаф нашавад), ҳам он чилу нуҳ нафареро, ки рў ба замин оварда, пахта мечинанд, ҳам он абри обистанеро, ки тумшуқи тарашро болои теппаи деҳаи Чаҳоргул монда, аз таги обрўвони овезонаш бадқаҳрона ба замину ба одамони пуштхамида теғ мекашад, ҳам он ду нафареро, ки дар даруни сағонаи куҳани пуштшикаста паҳлуи ҳам хобидаанд. Дили ў ончунон ҳоло меҳре дорад, ки ҳатто мурдаҳои ҳазорсоларо низ ў ба оғўш гирифта, бўсида метавонад.
Хиёл аз талотуми эҳсосот нафастанг шуд. Шарёни хунро дар рагҳояш мешунид... Бори нахуст дар дили ў ҳиссиёт талотум мезад, пайкари норасидаи ўро печонда гирифта буд ва месиққонд. Мавҷҳои паёпай аз сари ў мегузаштанд. Чун ғарқшудагон сар аз миёни мавҷҳо берун карда, нафас гирифтанӣ мешуд, ба ў ҳаво намерасид. Шарёни хунро мешунид, ки аз дил ба рагҳо медавид...
Оҳиста аз миёни найзор берун шуд ва аз девори сағона фуруд омад. Саборо дид, ки қад- қадди сарҷўй саросема боло мерафт. Мўзаи кирзаш ғўзаҳои хушки канори ҷўйро мерезонданд. Маҷрои сарҷўй онҳоро поён меовард. Хиёл онҳоро дошта гирифт. Оби сарҷўй хунук буд. Ў тоқии тарашро аз лаби сарҷўй гирифту шуст, пас пури об карду ба сараш рехт. Об ба қадди мўяш мешорид; ў аз таги абрўвонаш ба тораҳои обу тораҳои мўяш нигоҳ мекард. Аз паси онҳо офтоби сари заминро медид.
Рўз ба поён мерасид, поёни рўзи пахтазор. Ин лаҳзаҳоест, ки шамолаки нарм аз куҷое мевазад ва тасфи рўзу бўю тафи пахтаро аз таги бинии онҳо мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё