Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Одамон дар ин чанд лаҳзаи ғанимат ҳаристар мегарданд, саросемагӣ мекунанд, ду кило зиёдтар чиданӣ мешаванд, яку якбора хомўшӣ; касе ҳазл намекунад, якдигарро ном намебаранд, вақт нест. Ҳатто Бозор ҳам дар гўшае хомўш мешинад. «Дафтар тафтиш мекунад...» Хомўшиест, ки пеш аз оғози тўй дар ҳавлиҳо ба миён меояд.
Хиёл медонад, ки дере нагузашта мағалу хурўше, фарёдофарёде дар ин майдон мехезад беназир. Касе чунин шўру валваларо дар ҳеҷ куҷо, ба ғайри пахтазор, надидааст.
Ҳама ҳоло ҷунбуҷул мекунанд, ташвише доранд; вақти шўхӣ нест.
Миёни ин ҳама ташвиши дунё боз ташвиши наве зам шуд. Ду кас ба ҳам ошиқ шуданд...
«Ҳозир фарёди Бозор дашту майдонро мегирад», - аз дил гузаронд Хиёл. Тоқиашро шуст, ҷафид, ба сари зонуяшро пўшонду гирд гардонда ҳамвор кард, баъд ба сари шохи беғўза овехт. Ва аз ҷояш барнахест. «То овози мубораки Бозор баланд нашавад, намехезам,» - раъй кард ў. Бас аст, имрўз дигар пахта намечинад. Нигоҳ мекунад, ки чи тавр Бозор ба нўги теппа мебарояд ва баъди лаҳзае фарёд мекунад: «Мардум, кой тамом!»
Овози ў овози Ҳазрати Сулаймон барин аст, ба сангу кулўхи замин ҷон мебахшад. Аз миёни пахтазор ҳайкалҳои одамӣ бо панҷаҳои пурпахта рост мешаванд, хамёза мекашанд ва баробар ҷониби офтоб мегарданд, офтобро дар лаби куҳ дида шодӣ мекунанд аз он ки офтоб ба сари онҳо фуруд омадааст ё аз он ки рўз ба поён мерасад ва дар анҷоми рўз ба офтоб нигоҳ кардан мумкин аст; офтобро дуру дароз тамошо кардан мумкин нест. Бозор аллакай дар сари тарозу истодааст ва онҳоро интизор мебошад. Ҳама ба сўйи тарозу мешитобанд...

  • Саиди Япалоқ!
  • Ҳа.
  • Ғуломи Девчашма.
  • Ҳа.
    Ў ба деҳаи Аспирингон аз Кангурт омадааст, он ҷо чашмаи аҷибе буд поки ҷаззобу сард, ки Девчашма мегуфтандаш ва обаш аз рўйи санги сабзе борик шорида, ба поён мефуромад.
пешина
аз 186
навбатӣ