Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дастони Сабо ба ҳаракат омаданд. Лаҳзае ҳамаро фаромўш бояд кард. Дастҳо лучу беҳаё буданд. Ва чашмони Сабо пўшида буд...
... Аспи сурх бе зин буд. Ва ҷойи лигом нўхтаи пашмин дошт. Кўдак камқувват буд ва банди нўхтаро бо азобе мекашид. Ва он пушти бинии аспро мехорид. Асп аз ин ҳузуре дошт. Намедонист хурсандии худро чӣ тавр фаҳмонад. Ў тайёр буд, ки савори пушташро ҳазорон фарсах гирифта барад. Давр занонад. Ба осмонҳо бардорад. Савор хурд буду бевазн ва чун зин ба пушти асп часпида...
... Сабо оҳиста дасташро гирифт.

  • Хайр! - гуфт Сабо.
  • Хайр! - гуфт Хиёл.
    Сабо рафт. Хиёл чашмашро кушод...
    ... Ва оламро бад-ин зебоӣ диду моту мабҳут монд. Дид, ки офтоби Аспирингон ин бегоҳ зеботар аст, нафақат офтоб, ҳама зебоянд. Ў бори нахуст эҳсос кард, ки ҳама зеби ҳамин замину ҳамин обу зеби ҳамин дунёянд, ҳама аз барои якдигаранд. Бори нахуст дарк намуд, ки ҳама одамон ба ҳам қаринанд, ба ҳам монанданд, ҳама ба якдигар даркоранд; овози онҳо, рангу рўйи онҳо, дасти онҳо, панҷаи онҳо, суруди онҳо, ғаму дарди онҳо бо ин замини муқаддас ягонаанд, ҳама фарзандони ўянд.
    Рангаш аз бузургии ин ҳақиқат канд, дилаш ба ҷўш омад. Ва хам шуда, аз пешонаи қоқи замин бўсид.
    Ҳазорон бор миннатдор буд, ки дар ин дунёи равшан ў низ вуҷуд дорад. Диле дорад, ки дар оғўши замин метапад, дасте дорад, ки як гўшаи ин заминро обод хоҳад кард; пос дорад, ки бо роҳи офтоб ўро бибарад.
    ... Ва боз ҳис кард, ки ҳамаро ба оғўш гирифта, бўсидан мехоҳад! Сухани самимие ба ҳама гуфтан мехоҳад.
    Танҳо барои он ки онҳо зиндаанд ва ў ҳамроҳашон зиндагӣ дорад. Фақат барои ҳамин.
    Дили ў аз ҳаяҷон тапид, аз ҳиссиёти баланди осмонӣ тафсиду фароху беҳудуд гашт.
    Ва боз Хиёл ҳис кард, ки ҳамаро бо оғўш гирифта бўсидан мехоҳад. Сухане самимӣ мехоҳад бигўяд! Ба ҳама, ба ҳама, ба ҳама мардуме, ки мешиносаду медонад ва боре дар зиндагӣ бо онҳо дучор омадааст.
пешина
аз 186
навбатӣ