Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд истод. Худро дур гирифт. Аз ҷояш бархост.

  • Чашмонатро накушо!
  • Ту чӣ кор мекунӣ, Сабо? – оҳиста пичиррос зад Хиёл.
  • Меравам! - пичиррос зад Сабо.
  • Андаке ист!
  • Наметавонам.
  • Хайр, ист!
  • Тезтар равем, беҳтар.
  • Онҳо моро диданд?
  • Ба фикрам, диданд.
  • Мегўянд.
  • Сафия намегўяд.
  • Сунбул ҳам намегўяд.
  • ...
  • Ба падарат намегуфтагистанд?!
  • Не, Сунбул намегуфтагист. Агар Моҳпарча фаҳмад!
    Ба худаш танҳо намегўяд, дар байни мардум мегўяд.
  • Ба падарат хусумат дорад?
  • Ҳа.
  • Метарсӣ?
  • Не, падарам одами бофаҳм, мумкин аст дар хона коҳиш кунад.
  • Намекуштаст- ку!
  • Не. Мардум фаҳманд, хуб намешавад. Муаллимҳо мефаҳманд, аз дари мактаб чӣ хел медароем?
  • Хайр, ман ба мактаб намеравам.
  • Ту бояд хонӣ...
  • Ба дигар мактаб меравам.
  • Мебинем.
  • Хайр, чашмонамро кушоям?
  • Накушо!
  • Дастатро гирам?
  • ...
    Сабо дастонашро ба Хиёл дароз кард, дастҳои ў акнун ором буданд. Онҳо дигар танҳо набуданд. Акнун андешаи пешомади бегоҳӣ бо онҳо буд, нигоҳҳои мардум низ.
    Хиёл бо чашмони пўшида меистод ва табассум дар лаб дошт.
пешина
аз 186
навбатӣ