Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданСафия дуҷон буд.
Оне, ки дуҷон буд, мегуфт:
- Шир надорам, синаҳоям хушк шудаанд.
- Чандмоҳаӣ?
- Ҳафту ним... ё ҳашт.
- Кўдакат чӣ мехўрад?
- Ба ғайри пистон чизи дигаре ба даҳон намегирад.
Намедонам, чӣ кор кунам? Мегиряд. - Хайр, биёр, ман маконам. Духтари ман ин хел не.
Чизе, ки хўрем, ў ҳам мехўрад. Синаам пури шир, доим мерезад. Ана, бубин... - Не, дугона. Агар ҳар ду писар мебуданд, гапи дигар.
Мемаконӣ, аз ту духтару аз ман писар. Калон шаванд, кӣ медонад, ки чӣ гап мешавад? - Тавба гўй, ҳавою ҳаваса бубин! Мон, аввал калон шаванд!
Сафия сари по нишаста буд ва даст ба оби сарҷўй расонда наметавонист. Сунбул бо дастонаш ба кафи ў об мерехт. Сафия дастонашро шуст, пас об нўшид. Бо мадади Сунбул бархост. Онҳо аз сарҷўй дур шуданд.
Хиёлу Саборо ранг канда буд. Сабо шарм медошт. Ва ҳеҷ намехост, ки дар ҳузури ў Хиёл ин гуна суханони занонаро шунавад. Акнун ў аз ҷой бархоста наметавонист.
Гуфтугўйи занҳо гўё куртаҳои ўро пеши Хиёл аз танаш кашида буданд. Бо зонувону оринҷҳояш ў шикаму синаҳояшро панаҳ мекард, рўяшро бо кафи дастонаш пўшонда буд. Мепиндошт, ки баъди шунидани ин суханҳо Хиёл майли дидани бадани ў мекунад. Бори аввал дар танҳоӣ лабонашро кушод. - Хиёл!
- Сабо!
- Чашмонатро пўш!
- Хуб.
- Не, бо дастонат маҳкам кун.
- Барои чӣ?
- Хайр, пўшон! - илтиҷо мекард Сабо.
- Хуб.
Сабо оҳиста, чашмонашро накушода, лабони тафсонашро ба рўйи Хиёл наздик овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё