Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Ҳа, мегирам! - мегуфт Сабоча ва лентачаҳои сафеди кокулаконашро ғиҷим мекард. – Гирифта хона мебарам!
Очаи Хиёл завқ бурда механдиду мегуфт: - О чолакоша садқа, духтараки ширин, келинча!...
Ҳар ду табассум мекарданд...
Ҳиндудухтаре сиёҳчарда ҳар шабе дар вақти хоб ба сари болини кўдак меомад. Дар пероҳани сафеди ҳарир печида буд. Холи рангине миёни абрўвон ва тоҷи рахшоне ба мўйи сар хаста дошт. Домани пироҳанаш ба бистари кўдак мерасиду остинаш ба рўйи ў. Даҳонаш нимво буду лабонаш гарм...
... Хиёл ба Сабо менигаристу ҳис мекард, ки аз дарун ўро ким- чӣ гуна қуввае бовар мекунонад, ки ишқ маҳз ҳаминест, ки ҳоло бо ўст, на оне, ки ў мепиндошт ва гоҳо хоб медид.
Хиёл муносибати муҳаббатомези дигаронро нозукона мефаҳмид. Борҳо гуфтугўҳои ишқолуди ҷавононро дар саҳроро шунида буд. Медонист кӣ ба кӣ майл дорад.
Кифоя буд, ки шомгоҳон, вақти пахтакашӣ, ў дар гўшае истаду ба одамон назар биандозад; ҳарчанд худро аз якдигар худро дур мегиранд, боре рў ба рў намеоянд, вале халтаи вазнини додари духтари дилписандашонро бардоштани ҷавононро, ё хари духтардоронро кушода овардани онҳо барои Хиёли тезҳуш аз бисёр чизҳо рамуз медоданд. Ва инро натанҳо ў, балки ҳама ҳис мекарданд.
Вале ў барои худ тамоман дигар чиз, дигар кас ва дигар тарзро интизор буд. Ва ҳеҷ гумон надошт, ки муҳаббат барои ў дар миёни ҳамин замини серғўза мерўяд. Боре, ки паҳлуи ҳам ҷўяк доштанд, гоҳи дамгирӣ ў ба мўзаҳои серчанги кирз ва дастони ширачаспидаву чиркину кафидаи Сабо нигоҳ мекарду ўро масхара медошт, мегирёнд.
Ҳамроҳонашонро низ механдонд. Хиёле ҳам надошт, ки дар танҳоӣ, дур аз дигарон, ин дастону ин рўю ин мўй зеботарин ва муқаддастарин чизҳоеанд, ки ў ҷуръати ба онҳо даст расонидан намекунад. Ў чӣ қадар нозук аст.
Садои пойҳо ҳардуро рамонд. Худро миёни пояҳои сербарг гирифтанд, ба замин часпиданд. Сафияву Сунбул ба лаби сарҷўй дастшўӣ меомаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё