Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мегўянд, ки трактор худ аз худ гирди замин мегаштааст.
Хиёл ҳам аз ин заҳбур ва ҳам аз ин аспи калон метарсид.
Махсусан, аз чашмонаш. Онҳо оташбор буданд ва дар худ қувваи даҳшатангезе доштанд, ки Хиёл ба онҳо нигоҳ карда наметавонист. Дар сари ў лаҷом набуд, нўхтаи пашмин дошт ва банди дарози канабине дар он нўхта пайваст буд, ки Хиёл онро як тўб печонда, ба китфаш овехта мерафт.
Ваҳм дар дилаш боло мегирифт. Хост қафо баргардад.
Баъд симои зани сафедпўш пеши назараш омад. «Ба дасти ғуломаки сиёҳ супор!», «Ба дасти ғуломаки сиёҳ супор!» – танин меандохт овози зани сафедпўш дар гўшаш.
Ва ба қафо баргашта наметавонист.
Арғамчини аспро дароз сар дод ва ба нўги теппаи сари заҳбур баромад. Мехост гузаргоҳе бубинад. Гузаргоҳе ба чашмаш нанамуд. Вале чизи дигареро дид: аз он тарафи теппача хокашро кандаанд, асп агар ба таги теппача биёяд, болои он баромадан мумкин... Аспро ба таги теппача овард. Аз паҳлу чашмонаш наменамуданд. Хиёл бо навъе худро пушти асп гирифт. Пушти асп луч буд. Ҳам ваҳму ҳам шодие баробар дар дили ў валвалаи хурсандӣ андохтанд. Аз теппача ҳам баландтар буд ин асп ва ҳоло ҳайкал барин меистод. Намеҷунбид. Хиёлро эҳсоси баландӣ ба ваҷд меовард. Ў аз ин меболид, бори нахуст майдонҳои дуру беохиру бузургро, пас ду- се тракторро дид, ки печка барин хурдакак буданду дуд мебароварданд. Ғул аз ёдаш рафт. Гузаргоҳро ҳам дид, ки килкашро даравида буданд. Оҳиста ва боэҳтиёт онро «чу» гуфт. Асп қадам партофт. Хиёл алвонҷ хўрду тарсид ва аз ёли дурушти асп маҳкам гирифт.
Вақте ки одамча пешопеши вай мерафт, асп аз пайи ў, бо қадами ў лавандона по мепартофт. Акнун одам дар пушташ нишастааст ва боз ҳис мекард, ки ҳамагӣ вазни зинро дорад, пеши роҳаш холӣ аст. Вай тапаро-тупур қадампартоияшро метезонд. Дашту майдонҳои ҳамвор, теппаҳо ба ҳаракат омаданд. Хиёл нўхтаро мекашид, вале асп инро ҳис намекард, ҳамоно тез мерафт.
Ҳанўз ҳам касе наменамуд. Хиёлро ваҳм зер кард. Агар касе аз пешаш мебаромад, албатта, ў илтиҷо мекард, ки аспро нигоҳ доранд.

пешина
аз 186
навбатӣ