Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин аспи сурхи масти белаҷом, акнун дев барин барои ў даҳшатовар буд. Асп ҳам аз савори хурдакаки худ, ки на қамчин дошту на вазн, намекебид ва тарсе надошт. Аз ҳама хуб, ў дарди лаҷомро дар даҳан ҳис намекард. Нўхтаи пашмин чўтка барин пушти ўро мехорид, ки ин барои ў ҳузури ҷон буд. Ва ў барои ин розӣ буд, ки савори худро ба ҳазорҳо фарсах роҳ гирифта барад ва ба ҳар амру хоҳиши вай гардан фурорад, албатта, агар ба фаҳмашон расад.
Тоқии косаи аллюминий барин сахту вазнини Хиёл лағжида, ба пушти сараш мерафт. Дастонаш дар ёлу банди асп андармон буданд. Ў наметавонист тоқиро дорад.
Тоқӣ ба сағрии асп бархўрд. Асп онро гўё амре донист ва якбора ҷуфтак парид. Хиёл наафтид. Аввал аз тарс чашм аз сари асп набардошт; гўшҳои сих ба ёлу гарданаш часпида буданд, ёлҳои дарози дурушт дандонаҳои шона барин ростшуда ба даҳону биниву чашми ў мехалиданд.
Шамол чу дар зимистон ба гўшаш ҳуштак мекашид...
Баъд пеш нигоҳ кард; касеро медида бошад?
Ҳамчунон дилаш ваҳм дошт, ки гўё тамоми умр ў дар болои асп мемонаду асп ўро то абрҳо, то моҳ, то охири дунё гирифта мебарад. Вай ҳис кард, ки асп мепарад ва аз замин чӣ қадар болост. Дигар касе онро дошта наметавонад. Баланд мешуду баланд мешуд. Замин поён мемонд. Дасту пояш шах шуд ва бехуд мешуд, нафасаш мегашт. Ҳис мекард, ки беҳуш мешавад. Ва банохост ду занеро дид. Онҳо дар сари китф каланд доштанд. Дар тани Хиёл ҷон давид. Ҳар чӣ метавонист, дод гуфт:

  • О-о-о-у-у! Аспа қапед!
  • Холаҷон, аспа қапед!
  • Холаҷонҳо...
    Онҳо ҳанўз каландҳоро аз китф нагирифта буданд, ки асп аз наздашон тохта гузашт. Дили Хиёл аз нав ғаш кард. Асп акнун тасф гирифта буд, девона барин метохт.
    Вай чӣ қадар майдони кушодро, давутозро пазмон шуда буд. Соли дароз ўро аз аспхона набароварда буданд. Ва ў тамоман мутеу сархам гашта буд. Хар барин. Акнун аз дилу ҷон метохт.
пешина
аз 186
навбатӣ