Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хиёл ошиқ будани худро пай намебарад, вале бори аввал ў дунёро бо рангҳои аҷибе мебинад, ки пештар онро намедид. Ў ҳиссиёти хурўшони худро идора карда наметавонад.

Аз чӣ бошад, ки ба ёдаш бори нахуст савори асп шуданаш меояд ва сархам аст, пахта мечинад, гўё тамоми диққаташ ба ин пахтаҳои сафеди сари шохаҳост ва дигар ҳеҷ фикре дар дил надорад, вале ў аллакай аз миёни пахтазорон дур буд. Хиёлаш дар кўчаҳои серчанги кўдакӣ, миёни хонаҳои пастобаланди деҳа, мегашт.
Боре ба назди падар, сари кораш, мерафт. Танҳо ва хаёлолуд мерафт. Ҳанўз кўдак буд, фақат роҳи саҳроро медонист ва ҳамеша майли саҳро дошт. Гоҳо ана ҳамин тавр, бе ягон коре, нури офтоб дар рўй, сояи хиёл дар чашм, нимхобу нимбедор, роҳи саҳро пеш мегирифт.
Ҳаваси асп дошт ва савории аспро орзу мекард.
Гўё аз ғайб ё аз афсона, ё аз ин дарвозаи баланди дутабақа зани сафедпўше бо аспи сурх банохост пайдо шуд. Ва он зани сафедпўш ба забон омад. Сафари куҷо доштанашро пурсид. Чун шунид, ки ба назди колхозчиён меравад, хоҳиш кард, ки ин аспи «сабил»- ро ҳамроҳи худ бигирад ва зинҳори ба зинҳор майли савории он накарда, то сари замин бибараду ба дасти ғуломаки сиёҳ супорад.
Аз ў бори аввал чунин хоҳиш мекарданд. Ва боз кӣ?
Зани сафедпўше! Бори аввал ў- кўдаки моту мабҳут ва аспи суп- сурх, танҳо ба танҳо, дар роҳи хурди саҳрои кушод мерафтанд. Ҷонзоде дар замини атроф наменамуд, дар осмон ҳам. Заҳбури чуқуре пеши роҳашро гирифт.
Оби заҳ дошт. Мегўянд, ки андаруни ин заҳбур ғул мегардад. Боре паҳлавон Отахон субҳидам, пеш аз офтоб, аз ин ҷо мегузаштааст. Ғул аз лаҷоми аспаш маҳкам дошта, ўро ба ҷанг даъват намудааст; мегўянд, ки Отахон бар ғул зафар ёфтааст, вале ўро ҳам аз ғул зарофате расидааст.
Он вақт мавсими шудгору заминҳамворкунӣ будааст ва трактораш дар сари замин... Баъд, ўро дар даруни кабина, дар сари рул, беҳуш ёфтаанд.

пешина
аз 186
навбатӣ