Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданХалта оби хунукро ба сару рўйи тамошогарон пош дода, ба оббурда ғалтид ва Хиёл ҳам ба даруни сарҷўй парид. То миён дар даруни оби сард монд... Ва аз ҳама пеш Партов худро ҷониби Хиёл ҳаво дод ва ўро аз берун кашид.
Оббурда аслан маҳкам шуда буд. Об ҳамагӣ як ваҷаб болотар аз дамбаи Хиёл андохта мерехт, ки як қатор чим онро маҳкам карда метавонист. Аз хунукӣ сахт меларзид, вале дилаш осуда буд. Партов ба Маннону Имом фармуд, ки хасу чўб ғундошта, гулхан афрўзанд.
- Ҳоли шиму мўзаатро накаш, - гуфт ба Хиёл ва белро аз замин бардошт.
Гулхан ҷанда барин месўхт, дуди бисёр дошту гармии кам. Оташ дар намегирифт. Хиёл обро аз мўзааш рехт, ў мўзаи тарро дар болои гулхани кундсўз медошт, дуди гарм даруну беруни онро мепечонд, ба дастонаш ҳам андаке ҳарорат мебахшид. Ў хунук мехўрд, меларзид, вале дилашро як ҳарорате батадриҷ фаро мегирифт, бадани ў ҳам орому осуда мегашт. Партов хомўшона чим мебурид. Маннону Имом онҳоро дар болои халта чида, даҳони оббурдаро маҳкам мекарданд.
Хиёл ба рўйҳои дар торикии шаб намоёни онҳо нигоҳ кард. Дидан чандон муяссар намешуд, вале ҳис мекард, ки ким- чизе дар чеҳраҳои ҳамроҳонаш пайдо шудааст. Чизе, ки пештар ў онро дар чеҳраи онҳо намедид ё аслан набуд.
Гулхан ҳам фурўзон гашт, чўбҳо хушк мешуданд, намашон мепарид. Оташи гулхан аланга зада, рўйи онҳоро равшан мекард. Ҳама як чизро хуб медонистанд. Мошинҳо дирўз дар заминҳои Наим буданд, ин пагоҳ ба замини Раҷаб бояд медаромаданд. Наим инро намехоҳад. Намехоҳад, ки бо Раҷаб баробар биёяд. Баробариро намехоҳад.
Бо ҳар роҳе Наим бояд пеш бошад. Не, намегузорад, ки Раҷаб як ваҷаб аз ў пеш гузарад. Як ваҷаб! Як ваҷаб!
Ҳасани Трубаву Партов инро нағз медонистанд. Охир, онҳо бояд ҳамин кори Наимро мекарданд. Ба сарҷўй рахна мезаданд. Рад намуданд. Гумон надоштанд, ки худи Наим омада, гуфтаашро мекунад...
Аҷаб шабе буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё