Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданРост мегўм, Хиёл. Рафтем, гўё ки мо надидаем.
Хиёл хомўшона чим мебурид. Партов дам ба дарун гирифта буд. Моҳлиқоб пахтаи ниҳолҳои наздикро якдаста мечид. Ҳасани Труба норозиёна май мекашиду пой мекўфт: “Одамони лоғар тезу сабук мешаванд, рост аст,”- фикр мекард Хиёл ва аниқ медонист, ки хашми вай аз боиси якравии ўст.
- Агар ҳозир начинем, тамом. Саҳари барвақт мошин медарояд. Дигар шаб омадан фоида надорад, - гуфт Моҳлиқоб.
Дили Хиёл аз ў дур рафт. Гап намезад, беҳтар буд.
Пагоҳ мошин даромада наметавонад. Замин лой мешавад. Ё дастӣ мечинанд, ё ду- се рўз сабр мекунанд, - гуфт Партов. - И всё. - Ин камсамола бин. Мўрча барин ҷон дораду ҷунбида истодааст. Гўё боғи падарашро об мезада бошад, - кафид Ҳасани Труба ва ҳамин гапҳо аз дарунаш пош хўрданд. - Корат чӣ, ту накардӣ-ку!? «Виҷдончаат» сўзад. Мон, рафтан гирад. Чиба ҳамина ҳамроҳ гирифтед? Ин авлод бо зоту зурёташон ҳамин хел. Партов! Ба Худо қасам, ба таги дилаш моро ҳақорат ҳам карда истодааст! Афташа бин!
Хиёл ягон ҳарфе намезад. Лабонашро сахт ба ҳам фишурда, чимҳои вазнинро ба нўги бел мебардошт.
Маннон дудила буд. Намедонист назди Хиёл раваду ба ў мадад намояд ё дар ин ҷо- байни Ҳасани Трубаву Партови Лаб истода тамошо кунад. “Танҳо зўраш намерасад, албатта, маро ҷеғ мезанад. Он вақт рафтан мумкин. Инҳо сахт малул намешаванд, аз он ки худам ба ёрии ў равам,”- фикр мекард ў. Вале Хиёл танҳоии худро дар ин кор аз аввал ҳис карда буд ва медонист, ки якҷоя бо онҳо ҳам ҳеҷ коре карда наметавонад, то аз баҳри халтаи пахтадораш набарояд, рахна калону ҷўйбор басо тезоб буд, чимҳоро тоқии куҳна барин мебурд.
Халтаи калонро ба лаби рахна монд- пахтаи онро ба замин рехта буд, пас чимҳоро як- як даруни халта чид. Халта қанори пурпахта барин рост шуд. Даҳонашро баст. Баъд пояшро ба чуқурчае тиргак кард ва халтаро сахт тела дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё