Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданБаъде ки ғурриши паланг дувумбора баланд шуд, гумон кард, ки ҳозир дандонҳои сафеди вай ба баданаш мехаланд ва тир барин парид. Белро, ягона силоҳашро партофт, аз корди бари мўзаашро фаромўш кард, «ҷони худоӣ» гуфту дар паси тут нопадид шуд. Ҳаёҳуйкунон тарсида, аз хоб бедор шудани ҳамроҳони Хиёл ваҳми Наимро дучанд гардонд.
Хиёл садои «Урал»- и сечархаро шунида, баъд аз камингоҳаш рост хест. Сечарха ракета барин парида мерафт. «Ягон фалокате накунад,»- аз дил гузаронд ў ва ба ҷустуҷўи бел даромад. Белро ёфт.
Партов ва баъд дигарон давида омаданд.
- Чӣ гап? Чӣ шуд? – пурсид Партови ҳанўз хоболуд.
- Касе дамбаро канд, ҷўйро ба тарафи замин гардонд.
- Ин кӣ буд? Нашинохтӣ?
- Овози мототсиклаш ҳам паст шуд, ки муқаррар мекардем, - гуфт Маннон. Ў мурвату гайкаву болт, умуман, чизҳои техникиро дўст медошт.
- Ту чӣ кор мекунӣ? – пурсид аз ў Имом.
Хиёл ба суолҳои ҳамроҳонаш ҷавоб мегуфту аз замини аҷириқдор чим мебурид. - Обро мебандем! - гуфт ў.
- Э, рафтем, кори мо- чӣ! – бепарвову хоболуд буд Имом ва даҳон во мекарду бо тамоми рагу паяш ҳамёза мекашид.
- Чӣ хел кори мо не? Замини пахтаи худамон- ку, парво накунему равем!? – барошуфт Хиёл.
- Замини мо нест! - ҷавоб дод Маннон.
- Шўхӣ накунед! Мо ин ҷо пахта чиндем- ку?
- Сафед буд, ҳавасамон омад, даромадем, ин заминро ягон бор начидаанд. Барои мошин монондаанд. Замини Раҷаби Каромат.
- Эҳ-ҳа-а!- нидо кард Хиёл. – “Қаҳрамонӣ кардем,”- гўед?
- Хап шин! – гуфт Ҳасани Труба.- Мо омадем, ки пахта чинем, то омадани мардум ягон ду соати дигар асту халос.
- Агар мо имшаб ин ҷо намешудем- чӣ? – гуфт Имом. – Об рафтан мегирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё