Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданАқли ҳеҷ кас намегирифт, ки чаро ин тавр шуд? Фаромўш карда буданд, ки ҷони банда дар эътиқод ба Холиқ аст ва дар садоқат ба номи Ў.
Одами мешудагӣ– мешавад. Гапҳои беҳуда. Пештар ҳам кор мекарданд. Мехонданд. Ҳафтяк мефуроварданд, ҳофизхон мешуданд, ба фаҳми Бедил мерасиданд. Ку, ҳозир бифаҳманд!? «Дилам аз ғусса танг омад, ки чашми мўр пеши ў, Бувад баҳре, ки дар ҷайби ҳубобаш осмон гунҷад», ё «Ин чӣ шўрест, ки дар даври қамар мебинам, Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам»- ро худатон намефаҳмед, аз шогирдонатон чӣ гила?
- Мефаҳмем, амак,- гуфт Валӣ. – Ин ҷо домулло Бедил санъати иғроқу ғулувро истифода бурдааст.
- Ҳазрати Бедил!- хитоб намуд мулло Нахуд
- Хуб, Ҳазрати Бедил!- розӣ шуд Валӣ ва ҳеҷ гапи ба нўги забон расидаашро шунавонда натавонист.- Он кас ҳазрат ҳам бошанд, иғроқу ғулувро беҳуда истифода кардаанд.
- Ба Ҳазрати Бедил шак набиёр, ки забонат месўзад, маҳмадоно! Ана, шогирдонатонро бину хулоса кун.
«Иғроқу ғулув, иғроқу ғулув!» - Он чи ки аз ақл берун аст...
- Фармудаи Ҳазрати Бедил аз ақл берун нест, фақат ақли мо ба идроки сухани ў намерасад. Гузаштаҳо мефаҳмиданд!
- Мо ҳам мефаҳмем, ҳатто тасаввур карда метавонем.
Пешиниён ҳарчанд мегуфтанд, ки тасаввурнопазир аст, – гуфт Аҳмад, вақте ки дид одамон ҷиддан ба баҳс даромаданд. - Мардуми имрўз ба фаҳми Ҳазрати Бедил намерасанд!- -аз нав ба шўр омад мулло Нахуд.
- Баръакс, имрўз Бедил бештар мафҳум аст.
Нимаи рўзи Аспирангон. Офтоб, офтоб, офтоб... Замину осмон хонаи офтоб буд. Замин мисли тоба тафсон буд, ҳама махлуқи рўи замин сар ба таги бутта мекашиданд. Худро ба даруни об мепартофтанд ё ба сояи дарахтони тунукбарг мегирифтанд. Аз назди шипанг оби лойолуде мегузашт, ки ҳам духтарон по ба вай андохта менишастанд ва ҳам шамолаки камқуввате низ аз он бармехост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё