Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Моро- ку муфтхўр гуфтанӣ нестед, Ғулом!?- ба шўр омад муаллим Саиди Рустам.
- Кори шумо маълум. То ҳол аз деҳаи мо як одами дуруст набаромадааст...- гуфт Ғуломи девчашма.
- Ана ҳамин хел кор мекунем. Бачаҳоро аз дарс мононда, аз саҳар то бегоҳ дар таги офтоб нигоҳ медорем, равғани сарашон дар офтоб ки хушкид, баъд мегўем, ки аз деҳаи мо одами дурусте набаромадааст. Ҳаргиз намебарояд!
- Программа мемонад, вақт камӣ мекунад, бачаҳо таълими дуруст намегиранд.
Шайхи ғунуда бедор буд. Ў қариб ҳазорсола бошад ҳам, баробари бори нахуст диданаш мегўӣ, ки акнун ба 63 даромадааст; бо мардуми Аспирингон 964 сол аст, зиндагӣ дорад. Дар Боло буданд, бо онҳо буд. Поён омаданд, ҳамроҳашон Поён фуромад. Ба саҳро бароянд, ба саҳро мебарояд. Дар тўю азо бо онҳост. Ҳарчанд ки фартуту нимҷон аст, ҳоло ҳам чашми бино ва забони гўё дорад, овозаш хеле гирифтааст, қариб ношунаво, вале ўро, паст ҳам бошад, мешунаванд. Аз ў ҳеҷ чиз намепурсанд; худаш меояд. Шарик мешавад. Мардум иштироки ўро, будани ўро ин лаҳзаҳо табиӣ медонанд. Аз ў маслиҳат намепурсанд, худаш вақтҳои ночориву ноилоҷии одамон– маргу беморие, ки дар табобатхонаҳо ба ў даво намеёбанд, шаби арўсӣ, вақти маросими никоҳ, номаълум хозир мешавад; одамон беихтиёр ба иродаи ў гирифтор мешаванд. Албатта, муваққатӣ, пас аз гузаштани ин лаҳзаҳо боз ўро фаромўш мекунанд. Бо ў дар тўли ин ҳазор сол унс гирифта наметавонистанд.
Мегўяд, ки ин ҳама аз бегонагист. Ин сарзамин ватани келинаш мебошад. Зодгоҳи ў дар сарзаминест миёни нимҷазираи Арабистон. Ў чанд китоби куҳнае дораду онҳоро доим бо худ мегардонад ва, ба қавли мардум, агар содаеро ёбад, барои ў чанд сатреро аз он китоб мехонад.
Солҳои бистум ўро гўронда буданд. Дами беҳушии ўро марг-ҳалокати ў донистаанду нимзиндаву нимммурда ба хокаш супурданд. Баъд гўё фаромўшаш карда бошанд, номашро намегирифтанд. Ин ҳамагӣ чанд рўз давом кард.
Ў аз поя ҷон гирифт. Нисфишабӣ аз гўр баромад. Ниммурдаву нимзинда дар миёни мардум пайдо шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё