Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баски ҳастӣ ҳама сомони вуҷуди адам аст,
Сози қонуни бақоро зи фано зеру бам аст.

Дӯстон, беҳуда дар олами имкон ҳаргиз
Дили осуда маҷӯед, ки бисёр кам аст.

Заррае меҳри ҷаҳон дар дили худ роҳ мадеҳ,
Матлаи субҳи тараб аз уфуқи шоми ғам аст.

Ҳоли мустақбалу мозист аён дар ошиқ,
Он чи дар лавҳи дили мост, на дар ҷоми Ҷам аст!

Нест осон ба биёбони ғами ӯ рафтан,
Ки дар ин бодия андар раҳаш аз сар қадам аст.

Асари шуҳрати ушшоқ ба олам боқист,
Беди Маҷнун ба сари турбати Маҷнун алам аст.

Ошиқонро магар аз мактаби озодии ғам
Мисраи қомати барҷастаи ӯ як рақам аст?

Дар миёни ману ӯ хома набошад маҳрам,
Он ки ифшо кунад асрор, забони қалам аст.

Маҳви уммеди тамошои хироми ӯем,
Ҳайрати мо ҳама аз сурати нақши қадам аст.

Эй хушо, мисраи дарёи маонӣ, Туғрал,
«Риштаи умр зи ашкам ба гираҳ муттаҳам аст».

пешина
аз 312
навбатӣ