Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рафтани ҳуш аз сарам то сорбони маҳмил аст,
Ноқаи шавқи маро дар хоки Маҷнун манзил аст.

Он қадар мастам, ки нашносам ҷунунро аз хирад,
Нашъаи ҷоми шароби ман зи ангури дил аст.

Қатраи хуне, ки аз захми дили ман мечакад,
Нест хун, ӯ шабнаме аз шарми теғи қотил аст!

Дорам аз фикри баланди хеш мазмуни баланд,
Сад Фалотун аз кушоди маъниям подаргил аст!

Шукр лиллаҳ, фориси майдони ашъорам кунун,
Нуктаи сарбастаи ман лойиқи ҳар маҳфил аст.

Аз румузи маънии ман сар-сарӣ натвон гузашт,
Ғайри мазмун аз каломам ҳар чӣ фаҳмӣ, ботил аст.

Бастаам мазмун, ки аз инсоф гӯяд мустамеъ1:
Ин ҳама рамзошноиҳо зи фикри Туғрил аст!

1 Мустамеъ (сомеъ) – шунаванда.

Дар кишвари малоҳат шоҳӣ туро тамом аст,
Шамшоду сарву тӯбо бо қоматат ғулом аст.

Дар ҳар куҷо, ки бинам авсофи хулқу хӯят,
Бо суманоту масҷид «мо қола» з-ин калом аст1.

Чун ғунча лаб кушоям, васфи туро намоям,
Ғайр аз ҳадиси рӯят дигар маро ҳаром аст.

Ҳусни бутони олам рӯ дар завол дорад,
Дар авҷи хубрӯӣ меҳри туро қиём аст.

Чашми сиёҳи мастат бегона аз нигаҳ шуд,
Ҳиндуи холи лаълат ноошнои ром аст.

Мо пухтагони ишқем дар миҷмари2 ғами ту,
Магзор булҳавасро, азбас ҳанӯз хом аст.

Аз қисмати нахустин ишқат ба мо расида,
Ойина бо Сикандар, Ҷамро ҳавола ҷом аст.

Бо аҳди гулъизорон зинҳор дил набандед,
Аз андалеби гулшан бо гӯшам ин паём аст.

Дар боргоҳи васлат ҷон туҳфа бурд Туғрал,
Шамшер хун чаконад, азбаски бениём аст.

1 Суманот – номи маъбади ҳиндуҳо.
2 Миҷмар – оташдон, бӯйи сӯз.

пешина
аз 312
навбатӣ