Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Аз карам, ё Раб, муқими боғи ҷаннат кун маро,
Ташнаам, яксар ғариқи баҳри раҳмат кун маро.
Равнақи иқболи масрурӣ намехоҳад дилам,
Маҳви идборам1, насиб аз кунҷи ғурбат кун маро.
З-абри эҳсонат ба комам чун садаф як қатра рез,
Шаҳсавори кишвари мулки фасоҳат кун маро.
Мондаам дар зулмати исён чу хаффош аз бадӣ,
Рӯшанои дида аз субҳи саодат кун маро.
Боз сӯи ганҷи маънӣ соз қуфли синаам,
Суфтани лафзи гуҳар з-андеша одат кун маро.
Туғрал, азбас муътариф бо аҷзи хиҷлат гаштаам,
Аз насими субҳи алтофат иноят кун маро.
1 Идбор – бахтбаргаштагӣ.
Ҳар киро бошад назар турки қабопӯши маро,
Офарин гӯяд таҳаммул кардани ҳуши маро!
Аз хаёли қоматаш акнун асо мебоядам,
Бори сангини фироқаш карда хам дӯши маро.
Аз кадомин зумраам, ё Раб, ки дар базми вуҷуд
Ҷуз сари зону арӯсе нест оғӯши маро?!
Эй ки мехоҳӣ ба силки бандагони даргаҳаш,
Ҳалқае ғайр аз хами зулфаш макун гӯши маро!
Дар дилам набвад ба ҷуз нақши хаёли ишқи ӯ,
Аз ғамаш бошад нигоре лавҳи манқуши1 маро!
Дӯстон, баҳри Худо, гӯед арзи ҳоли ман,
Ҳар куҷо бинед агар он шӯхи майнӯши маро!
Пеши арбоби сухан, Туғрал, набошад эътибор
Сафҳаи абёти номавзуни мағшуши маро!
1 Манқуш – наққошишуда, нақшин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё