Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Баски шаҳди муддао ҳосил нашуд коми маро,
Кардаанд аз санги навмедӣ магар ҷоми маро?
Ғарқи мавҷи шабнами хиҷлат шавад рухсори ӯ,
Ҳар кӣ ҷӯяд чун нигин гар аз ҷаҳон номи маро.
Он қадар тамҳиди сомони ҷунун дорад дилам,
Нест ҷуз хушкӣ тақозо табъи бодоми маро.
Дар дили ошиқ набошад рутбаи пасту баланд,
Фарқ чун ойина аз дар кай бувад боми маро?
Чанд пошидам сиришки донаи тухми амал,
Кош афтад сайди матлаб ҳалқаи доми маро.
Сози қонуни мурувват кун ба мизроби карам,
Аз сабо гар бишнавӣ оҳанги пайғоми маро.
Фурсати тамҳиди ҳастӣ нест дар боғи ҷаҳон,
Чун шарар яксон шумур оғозу анҷоми маро.
Сархати дарси камоли дигарат даркор нест,
Субҳа1 кун андар сулуки ишқ ҳар гоми маро.
Туғрал, аз тамкини дил сомони роҳат доштам,
Беқарорӣ бурд охир завқи ороми маро.
1 Субҳа – тасбеҳ.
То уруҷи бода зад дасте гиребони маро,
Мавҷи май шероза хоҳад гашт домони маро.
Сурмаи чашми ҳаёро сози хомӯшӣ кунад,
Аз қазо гар бигзарад булбул найистони маро.
Баски гулзори хаёлам дорад аз гул ранг-ранг,
Гар ҳавас дорӣ, тамошо кун гулистони маро!
Чун гуҳар мазмуни як маъниям аз по то ба cap,
Имтиёзе нест аз доман гиребони маро.
Пеши нерӯям кунад Рустам суҷуди эътироф,
Гар бибинад савлати бозуи дастони маро.
Мекунад хатми камоли дарси илми ошиқӣ,
Як даме Маҷнун нишинад гар дабистони маро.
Гарчи сад гавҳар кашидам дӯш дар силки сухан,
Эътиборе кай бувад имрӯз девони маро?
Пешкаш дар пеши абрӯяш cape овардаам,
Кай бувад қадре ба назди теғи ӯ ҷони маро?!
Туғрал, аз субҳи умедам як шарар пайдо нашуд,
То намояд равшанӣ шамъи шабистони маро!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё