Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Гар қазо бо ман нависад меҳнати айёмро,
Илтиёми захм созам панҷаи зирғомро1.
Дар биёбоне, ки мурғи ваҳшати мо пар занад,
Хуни бисмил дона гардад ҳалқаҳои домро.
Аз тапиш дорад навиди бӯйи васли ӯ дилам,
Боли Ҷабрил аст гӯё шӯхии илҳомро.
Ҳеч нахле нест андар боғи имкон бесамар,
Шуҳрати Рустам намояд зинда рӯҳи Сомро.
Он қадар мастам, ки аз шавқаш надонам баъд аз ин
Сол аз маҳ, рӯз аз шаб, ҳафта аз айёмро.
Дар чаман монанди наргис пой то cap дида шав,
Гар тамошо мекунӣ он шӯхи гуландомро.
Ҳар киро бошад сулуки шеваи Маҷнун ҳасаб2,
Ку тамизи он, ки созад фарқ субҳу шомро?
Сурати ӯро бибинад ҳар кӣ монанди Халил,
Бишканад дар роҳи сатват зумраи асномро.
Дар димоғат гар бувад аз хушкии савдо халал,
Аз хаёли чашми ӯ кун равғани бодомро.
Барнаёяд қатрае хун бе ризои Лайлияш,
Бар раги Маҷнун занӣ гар ништари ҳаҷҷомро.
Ҳар кӣ сармасти хаёли бодаи васлаш бувад,
Меканад мехи таноби хаймаи Хайёмро.
Дар ғами ӯ аз вуҷудам устухоне беш нест,
Кунд созад ҷисми ман сад ханҷари Баҳромро.
То шудӣ, Туғрал, ту андар арсаи базми вуҷуд,
Чун ту фарзанде нарӯяд модари айёмро.
1 Зирғом – шери даранда.
2 Ҳасаб – шумурдан, шумор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё