Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гар ба арз орад таманно ҳасрати нокомро,
Шӯхии матлаб шавад хамёза мавҷи ҷомро.
Шавқи бисмил дам ба дам аз беқарориҳои мо
Мекашад яксар дар оғӯши тапиш оромро.
Шуҳрати кони ақиқ аз ҳастии мо шуд адам,
К-аз нигини мо шунидан нест ҳаргиз номро.
Матлаби ноёбро шуд хонаи анқо ватан,
То куҷо ҷавлон намоӣ тавсани авҳомро?!
Дар дилам сози баму зери ҷунун яксон бувад,
Имтиёзе нест дар ойина аз дар бомро.
Ҳар замон азми ҳариму тавфи кӯяш мекунам,
Бастаам аз рафтани дил сӯи ӯ эҳромро.
Маҳрами розе намеёбам дар ин бозори даҳр,
Кист, аз мо то расонад сӯи ӯ пайғомро?
Имшаб он бадри мунир1 аз хона берун шуд магар?
З-аввали шаб то саҳар бинӣ ту моҳи томро!
Чашм пӯш аз рӯи ӯ, бошад димоғатро халал,
Мерасад ҳар дам зиён аз рӯшанӣ сарсомро.2
Пухтагони меҳр бар гиранд аз нахли мурод,
Лаззате набвад ба дандон меваҳои хомро!
Эй гадо, акнун зи чини абруи дунон гузар,
То куҷо хоҳӣ кашидан миннату ибромро?3
Шабравони дил ба шаҳристони зулфаш мераванд,
Кай бувад фикри асас риндони дурдошомро?!
Аз тапиш, Туғрал, диламро изтиробе кам нашуд,
Дар қафас ором набвад сайди ваҳшатромро!

1 Бадри мунир – моҳи комил.
2 Сарсом – ҳолати ошуфтагӣ ва бехудии бемор.
3 Ибром – пофишорӣ кардан.

пешина
аз 312
навбатӣ