Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Набошад илтифоте бо ман акнун теғи қотилро,
Ки созад нохудо дар мавҷи хунам матлаби дилро!
Ба ёди ҳасрати лаълаш ман аз худ меравам ҳар дам,
Ки мебандад ба дӯши нолаи ман бори маҳмилро.
Наям гар маҳрами васлаш, ба ҳаҷраш шукр месозам,
Ба ҷои шаҳд нӯшам дар ғамаш заҳри ҳалоҳилро.
Сари таслимро чун шамъ вақфи ханҷари ӯ кун,
Зи барқи оташи теғаш чароғ афрӯз бисмилро!
Ба як ойина арзи матлаби худ метавон кардан,
Ки ҷуз ҳайрат намебошад ду миръоти1 муқобилро.
Барои эҳтиёҷ аз хиҷлати арзи ниёзи худ
Арақ аз ҷабҳа тӯфон мекунад ҳар лаҳза соилро.
Набошад зоҳидонро ҷуз ғурури ҷоҳ андар дил,
Зи машқи ҳақпарастӣ кас нафаҳмад қубҳи ботилро.
Агар хоҳӣ, ки раҳ ёбӣ ту дар сарманзили зулфаш,
Муқобил соз дар пешонаи худ кавкаби дилро!
Писанди хотираш ашъори Туғрал шуд, аҷаб набвад,
Писандад Мустафо маддоҳии Саҳбони Воилро2.
1 Миръот – оина.
2 Саҳбони Воил – шоири номии араб дар рӯзгори паёмбари Худо (с).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё