Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Мавсими айшу нишот асту фараҳ, шод ҳама,
Яксар аз кулфату андӯҳу ғам озод ҳама,
Раста аз ҷабру ситам, ғуссаву бедод ҳама,
Канда кӯҳи аламу дод чу Фарҳод ҳама!
Рӯзи ид асту ҳама шоду фараҳманд ба ид,
Ман ба ғам ҳамдаму сад марҳала аз ид баъид!
Ёд бод он, ки зи минои тараб, соғари май
Ҳамчу Хайём бинӯшидам аз он пай дар пай,
Буд дар маҳфили мо чангу рубобу дафу най,
Кай задам такя ба Ковуси Каю Ҳотами Тай?!
Рӯзи ид асту ҳама шоду фараҳманд ба ид,
Ман ба ғам ҳамдаму сад марҳала аз ид баъид.
Дӯш афтод маро ҷониби майхона гузар,
Хостам аз кафи соқӣ биситонам соғар,
Дод овоз маро ҳотифи айёми қадар,
Ки на вақти тараб аст, гулшани ту монд зи бар!
Рӯзи ид асту ҳама шоду фараҳманд ба ид,
Ман ба ғам ҳамдаму сад марҳала аз ид баъид!
То шудам дур зи Шоҳини маонӣ, Туғрал,
Рехт дар ҷоми нишотам бадали май ҳанзал1,
Лутфию Осиму Саҳбо зи ҳама бод афзал,
Назми ҳар як бидиҳад накҳати уду анбар!
Рӯзи ид асту ҳама шоду фараҳманд ба ид,
Ман ба ғам ҳамдаму сад марҳала аз ид баъид!
1 Ҳанзал – гиёҳе талх.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо