Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

МУСАММАН

На ин савдо ба cap аз нашъаи афюну банг омад,
Куҷо ин нола аз най, кай чунин мутриб ба чанг омад?!
Зи ҳаҷраш бар танам нохуни захми ом ланг омад,
Аҷаб дорам, ки он нозофарин аз ман ба нанг омад,
Маро аз фурқати ҷонон ба ҷонам сад хаданг омад,
Наёмад сӯи ман ҳаргиз, агар омад, ба ҷанг омад,
Зи баҳри куштанам он шӯх бо тиру туфанг омад,
Дили маҷрӯҳи маҳзунам аз ин савдо ба танг омад.

Ҷароҳатҳо ба дил дорам ман аз мижгони хунхораш,
Табибо, марҳам аз васлаш бинеҳ, дигар маёзораш,
Ҳаёти мурдаи садсола бахшад лаъли дурбораш,
Ба дарде ман гирифторам, ки ғайри фикри дидораш,
Ҳавои он ду зулфи анбарину чашми хуммораш,
Ишоратҳои абрӯю назокатҳои гуфтораш,
Табассумҳои лаъли майпарасту холи рухсораш,
Ба шаҳри ҳусн ҳиндузода аз мулки Фаранг омад!

Ду зулфаш сарнигун морест, ман бемори гесӯяш,
Саросар чеҳраи ӯ нору ман дар нор бе рӯяш,
Диҳад таълими сеҳри Сомирӣ чашмони ҷодуяш,
Гирифтор аст мурғи дил ба доми ҳалқаи мӯяш,
Чу булбул нола месозам ба ёди он гули рӯяш,
Агарчанде набошад бар шино аз шаш ҷиҳат ҷӯяш,
Биҳамдиллаҳ, ки бахти ман ба зулфи ёр ранг омад!

Либоси ишқ аз ошуфтагӣ ҳар кас ба бар дорад,
Куҷо бо тоҷу тахту афсари Доро назар дорад?!

пешина
аз 312
навбатӣ